Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, мавқеи Вашингтонро дар баробари заҳролудсозии мухолифи ҳукумати Русия Александр Навалний дар мусоҳиба бо расонаҳои олмонӣ шарҳ дод.
Ба гуфтаи Помпео, танқиди Амрико барои вокуниш нишон надодан ба қазияи Навалний беасос аст. Зеро Вашингтон ба ин назар аст, ки истифодаи силоҳи кимиёӣ ғайримумкин аст. Дар ин робита Помпео аз вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба заҳролудсозии Сергей Скрипал ва духатарш Юлия дар моҳи марти соли 2018 дар Бритониё ёдовар шуд.
Помпео афзуд, ба маҳзи ба даст овардани ҳамаи далелҳо ИМА вокуниши ҳамвазн нишон хоҳад дод.
Вай гуфт, Вашингтон дар қазияи Навалний мунтазири хулосаи ташхиси Созмони силоҳҳои мамнӯи кимиёӣ аст. "Амрико ҳамзамон аз Русия интизори тафтиши заҳролудсозии Навалнийро дорад", -- гуфт Помпео.
Вай бори дигар аз сохтмони лӯлаи "Ҷараёни шимол-2" интиқод кард. "Мо умедворем, ки ин сохтмон ба охир намерасад", - афзуд Помпео. Ба гуфтаи вай, Амрико дар садад аст, ки барои пешгирӣ аз сохтмони лӯла эътилофе ташкил диҳад. "Мо умедворем, ки ҳукумати Олмон ҳам ба ин мавқеъ мегарояд. Фарқе надорад, ки ин гароиш ба заҳролудсозии Навалний рабт хоҳад дошт ва ё ба оқибатҳои вобастагӣ аз гази Русия", - гуфт котиби давлатии ИМА.
Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст. Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад.
Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.