Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойивазкунии генералҳо. Тағйироти кадрӣ дар ВКД


Маҳмадсаид Саидзода ҳангоми суханронӣ дар яке аз ҷаласаҳои порлумон. Акс аз моҳи июни 2018
Маҳмадсаид Саидзода ҳангоми суханронӣ дар яке аз ҷаласаҳои порлумон. Акс аз моҳи июни 2018

Бино ба як қарори ҳукумати Тоҷикистон, Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири умури дохилӣ аз мансабаш озод шудааст.

Дар шарҳи қарор, ки рӯзи 10-уми сентябр нашр шуд, гуфтаанд, ӯро "ба кори дигар гузаронданд". Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ 10-уми сентябр гуфт, Маҳмадсаид Саидзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъин гардид.

Сардори пешини раёсати умури дохилии Рашт Сафиулло Азизуллозода ҳафтаи гузашта аз мақом озод гардид.

Генерал Саидзода 56-сола аст ва аз соли 2017 ҳамчун муовини вазири умури дохилӣ фаъолият дошт. Дар гузашта ба ҳайси сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо қарори дигари ҳукумат, Бароталӣ Ҳамидзода муовини нави вазири корҳои дохилӣ таъйин шуд. Генерал Ҳамидзода 53-сола аст ва то ин дам сардори воҳиди махсуси ВКД буд.

Пештар ҳамчун муовини сардори Раёсати БДА, муовини аввали сардори Раёсати умури дохилии Душанбе ва Сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилӣ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG