Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Сафиалло Азизулло аз мансаби сардори РКД-и Рашт


Сафиалло Азизулло. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Сафиалло Азизулло. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Сафиалло Азизулло (Девонаев), сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт, аз мансабаш барканор шудааст. Сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт, Азизулло ҳанӯз ба мансаби дигаре таъйин нашудааст, вале сабаби барканориро шарҳ надод. Сафиалло Азизуллои 58-сола аз моҳи декабри соли 2017 дар ин мақом кор мекард. Ӯ дар гузашта ҳамчун сардори Хадамоти муҳоҷират ва сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, додситон ва сардори Бозрасии Давлатии Автомобилиро дар ноҳияи Рашт низ иваз кардаанд, вале мақомот расман онро тасдиқ ё рад нанамуданд. Ин тағйирот дар мувофиқа бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG