Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешини нақлиёт: "Кори бисёр кардем, акнун вақти бознишастагӣ аст"


Худоёр Худоёрзода охири моҳи август аз мансаби вазири нақлиёт барканор ва бознишаста шуд
Худоёр Худоёрзода охири моҳи август аз мансаби вазири нақлиёт барканор ва бознишаста шуд

Худоёр Худоёрзода, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон, ки пас аз табобати тақрибан якмоҳа аз шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе рухсат шудааст, гуфт, фармони аз мансаб барканор шуданашро "бисёр хуб" қабул кард.

Ӯро субҳи 11-уми августи имсол бо захми ду корд дар бадан ба бемористон интиқол дода буданд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба ҷонаш сӯиқасд кардааст.

Худоёр Худоёрзода 31-уми август бар асоси фармони президенти Тоҷикистон бо далели "расидан ба синни нафақа" аз вазифа барканор шуд. Вай рӯзи 9-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пурра сиҳат шудааст ва ҳоло дар хонааш қарор дорад.

"Хабари ба нафақа гусел карданамро бисёр хуб қабул кардам. Бисёр кор кардем, монда шудем, дигар вақти нафақа шуд. Ҳам синнам расида буд ва ҳам хоҳиши худам буд, ки ба нафақа гусел кунанд", -- гуфт ӯ.

Вазири пешини нақлиёт дар бораи ҳодисаи ба сараш омада тафсилот надод ва гуфт, ҳамаро "мақомоти тафтишотӣ медонанд, аз онҳо пурсед". Додситонии кулли Тоҷикистон расман гуфта буд, вазир қасди худкушӣ дошт ва ӯро наздиконаш наҷот доданд.

Дар ҳоле ки вазири пешини нақлиёт ҳодисаро ба мо шарҳ надод, бархе аз ҳамкоронаш гуфтанд, Худоёрзода ба онҳо нақл кардааст, ки ҳангоми ҳодиса дар ҳолати «стресс» ё афсурдагӣ буд.

Қаблан як пизишки бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бе зикри номаш гуфта буд, вазири нақлиётро субҳи 11-уми август "бо ду захми корд оварданд." Маълум нест, ҳодиса чӣ гуна ва дар чӣ шароите иттифоқ уфтодааст.

Худоёр Худоёзода аз моҳи январи соли 2017 то охири моҳи август вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст.

Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол 312 ҳолати худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нӯҳ маврид кам будааст. Масъулони Кумитаи занон ва оила дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ин рақам 137 нафарашон занон буданд.

Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯйиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст.

XS
SM
MD
LG