Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний ба ҳуш омад


22-юми август. Омск. Навалнийро барои фиристодан ба Берлин ба фурудгоҳ оварданд

Пизишкони бемористони "Шарите”-и шаҳри Берлин шоми 7-уми сентябр гуфтанд, ки саломатии раҳбари мухолифон дар Русия Алексей Навалний «хеле беҳтар шудааст».

Ба иттилои пизишкон, ӯ аз ҳолати кома ё беҳушӣ берун шудааст ва роҳҳои тадриҷан аз дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷудо кардани ӯро меандешанд.

Бино ба хабарҳо, Навалний ба суҳбатҳои табибон «кам-кам вокуниш мекунад». Табибон гуфтанд, эҳтимол заҳролудшавии ӯ ба саломатиаш таъсири дарозмуддат хоҳад дошт.

Навалний аз 20-уми август инҷониб дар ҳолати кома буд. Ӯро аз як беморхонаи шаҳри Омски Русия ба Берлин интиқол доданд. Раҳбари мухолифон дар Русияро баъд аз он ба беморхонаи Омск интиқол доданд, ки ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав дар ҳавопаймо худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Ҳафтаи гузашта табибони олмонӣ гуфтанд, дар бадани Навалний нишонаҳои заҳри низомии навъи “Новичок” ошкор шуд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз Маскав даъват кард, ки қазияи Навалнийро таҳқиқ бикунад. Мақомоти Русия бо такя ба хулосаҳои табибони беморхонаи Омск ба заҳролудшавии ӯ бо шубҳа менигаранд.

Дар Русия ҳеч як парвандаи ҷиноие дар ин замина кушода нашудааст.

XS
SM
MD
LG