Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти рус розӣ нестанд, ки Навалний махсус заҳролуд шудааст


Берлин, бемористони "Шерите"
Берлин, бемористони "Шерите"

Мақомоти Русия иттиҳомоти инро, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалний махсус заҳролуд шудааст, қабул надоранд ва даъвати барпо кардани таҳқиқи ҷиноии ин қазияро рад карданд. Навалнии 44-сола баъди он ки дар як сафараш дар Сибир ҳолаш бад шуд, барои муолиҷа ба беморхонаи “Шерите”-и Берлин интиқол ёфт. Дар изҳороти рӯзи 24 августи маъмурияти беморхонаи олмонӣ гуфта шуд, ки Навалний заҳролуд шудааст. Дар пай кишварҳои ғарбӣ аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи ҷиноии ин ҳодисаро ба роҳ монанд. Вале Русия пофишорӣ дорад, ки шарт нест, ки Навалний қурбонии як заҳролудшавии махсус шуда бошад ва ин мавқеъро мақомот ва ҳам табибон дар Русия пуштибонӣ мекунанд. Айни замон, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки таҳқиқи эҳтимолияти аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ заҳролуд шудани Навалнийро ба роҳ мемонад. Сухангӯи Навалний Кира Ярмиш ин изҳоротҳоро ҳамчун “аҳмақӣ” рад кард.

XS
SM
MD
LG