Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти таърихии раҳбарони Сербияву Косово дар Брюссел


4-уми сентябр, Вашингтон. Раҳбарони Сербияву Косово бо миёнҷигии президенти ИМА Доналд Трамп ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунанд
4-уми сентябр, Вашингтон. Раҳбарони Сербияву Косово бо миёнҷигии президенти ИМА Доналд Трамп ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунанд

Рӯзи 7-уми сентябр қарор аст дар Брюссел раҳбарони Сербияву Косово бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби музокироте барои оддӣ шудани равобити иқтисодии миёни ин ду кишвари Балкан дидору гуфтугӯ кунанд. Созише дар ин замина ҳафтаи гузашта бо миёнҷигии ИМА ҳосил шуд. Мақомот ба он изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар паи созиши иқтисодӣ президенти Сербия Александр Вучич ва нахуствазири Косово Абдулло Ҳотӣ ба созиши сиёсӣ ҳам даст меёбанд. Рӯзи 4-уми сентябр Сербияву собиқ вилояти он Косово дар Вашингтон ба мувофиқа расиданд, ки дар масоили иқтисодӣ ва муқобила бо бекорӣ ҳамкорӣ барпо мекунанд. Ин аввалин натиҷаи амалие аз музокираҳои дусола буд, ки таҳти сарпарастии маъмурияти Доналд Трамп ҳосил шуд. Вале то кунун масъалаи ба расмият шинохтани Косово ва барпо кардани равобити дипломатии миёни ду кишвар, ки давоми чанд даҳсола як ҳадафи муҳими Иттиҳоди Аврупо будааст, ҳалношуда боқӣ мемонад. Рӯзи 7-уми сентябр дар Брюссел қарор аст раҳбарони Сербияву Косово бо Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии ИА ва дигар мақомоти аврупоӣ дидору гуфтугӯ кунанд. Ҳотӣ, ки аз ин созиш истиқбол кардааст, ба фаъол шудани роҳҳои оҳан ва тарҳҳои инфрасохтории калидӣ ишора намуд. Сербия ваъда дод, ки ба талошҳои Косово дар амри ворид шудан ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ ва эътироф шуданаш аз ҷониби кишварҳои дигар давоми як сол монеа эҷод намекунад.

XS
SM
MD
LG