Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми рус: дар Тоҷикистон авҷи пандемия пуштисар шуд


Даромадгоҳи Беморхонаи амрози сироятии Хуҷанд

Як мақоми соҳаи тибби Русия гуфт, ки дар Тоҷикистон вазъи олудашавӣ ба коронавирус “мӯътадил аст ва авҷи беморӣ пуштисар шуда сокинон аллакай дар баробари коронавирус масуният пайдо кардаанд”. Александр Семенов, муовини раиси пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии эпидемиологиву микробиологии ба номи Пастер дар шаҳри Санкт-Петербург, ки дар ҳайати мутахассисони идораи Роспотребнадзор бо даъвати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст, дар нишасти матбуотии рӯзи 4-уми сентябр вазъи пандемия ва мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистонро натиҷагирӣ кард. Оҷонсии ТАСС дар нақли қавл аз Семенов менависад, ки дар ду-се моҳи ахир дар ин кишвар озмоишҳои тестии сокинон 2,5 баробар зиёд шуда, ба хотири то 9 адад афзоиш ёфтани озмоишгоҳҳо, 2,5 ҳазор ҳолат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Семенов гуфт, ки барои дастёбӣ ба иттилоъ дар бораи вазъи воқеии гирифторӣ ба коронавирус шумори тестҳо рӯзона бояд то 4,5-5 ҳазор адад афзоиш дода шавад. Семенов гуфтааст, “аз сӯе шумори тестҳо афзоиш ёфтааст, аз сӯе камтар бемор мешаванд”.

Изҳороти мазкур дар ҳолест, ки ҳафтаҳои ахир хабарҳои зидду нақиз дар бораи афзоиши гирифторони илтиҳоби шуш ва бемории монанд ба коронавирус дар вилояти Суғд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Рӯзи 2-юми сентябр таваллудхонаи вилоятиро дар Хуҷанд ба “карантин” гирифтанд, чун дар онҷо гирифтории ду зани ҳомиларо ба бемории ҳамагир ошкор карданд.

Мақомот мегӯянд, ки дар Тоҷикистон 8690 нафар ба коронавирус олуда шуда, 69 нафар ҷон бохтаанд. Вале дар миёни мардум ва ҳам мутахассисони тиб шубҳа ба омори расмӣ боқӣ мемонад, чун то ҳол вазорати беҳдоштро дар худдорӣ аз пахши хабарҳои фарогиру дақиқ дар заминаи коронавирус интиқод мекунанд. Вазорати беҳдошт ин интиқодҳоро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG