Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллудхонаи вилоятиро дар Хуҷанд ба карантин гирифтаанд. АКС


Назди таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд. 3-юми сентябри 2020
Назди таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд. 3-юми сентябри 2020

Ба иттилои дарёфтӣ, баъд аз ошкор шудани гирифтории ду зани ҳомила ба бемории COVID-19 зоишгоҳ ё таваллудхонаи вилоятии Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба карантин гирифтаанд.

Як корманди таваллудхона бе зикри номаш тасдиқ кард, ки зоишгоҳ аз рӯзи 2-юми сентябр бастааст. Ба қавли ӯ, занони беморро ба шифохонаи вилоятӣ фиристодаанд, ҷое, ки гирифторони СOVID-19-ро табобат мекунанд.

"Беморону табибонеро, ки бо занҳо тамос доштанд, барои ду ҳафта ба карантин гирифтанд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё такзиб накарданд, вале рӯзи 3-юми сентябр дар даромадгоҳи таваллудхонаи вилоятӣ "карантин" навишта шуда буд ва муроҷиаткунандаҳоро ба дохил роҳ намедоданд.

Масъулони идораи беҳдоштӣ ба поккории таваллудхона оғоз карда, гуфтаанд, эҳтимол карантини таваллудхонаи вилоятӣ низ ду ҳафта давом кунад.

Моҳи июли имсол таваллудхонаи вилоятиро дар Хуҷанд баъд аз марги сардухтураш Шоира Бузрукова ду ҳафта ба карантин гирифта буданд. Бузрукова 5-уми июл дар шифохонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ фавтид.

Дар ҳафтаҳои ахир хабарҳои зидду нақиз дар бораи афзоиши беморони коронавирус дар Хуҷанд расонаӣ мешавад. Изҳороти пайиҳами идораи беҳдоштӣ ё СЭС-и шаҳри Хуҷанд, ҷаримаи сокинон барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ва расонаӣ шудани хабари марги чанд нафар бо гумони илтиҳоби шуш ва нишонаҳои монанд ба COVID-19 нигарониҳоро бештар кардааст.

Аз ҷумла, идораи беҳдошти шаҳри Хуҷанд ҳафтаи гузашта бо нашри изҳороте гуфт, рӯзҳои охир ҳолатҳои нави мубталошавӣ, бахусус бе нишонаҳои хоси ошкоршавии беморӣ, табибонро ба ташвиш овардааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз рӯзи 30-юми апрел то 2-юми сентябр коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 8654 нафар сироят кардааст ва 7447 кас аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд. Талафот аз COVID-19, ба гуфтаи мақомот, 69 нафарро ташкил медиҳад.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, ки омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд. Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

Дар як арзёбии тозаи муассисаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон омадааст, ки сирояти коронавируси нав сари ҳар 100 000 нафар бештар аз 84 нафарро ташкил медиҳад ва беморӣ аз миёни як миллион нафар 6.8 касро ҳалок кардааст.

XS
SM
MD
LG