Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нав. Дар Хуҷанд арӯсу домод аз тести коронавирус мегузаранд


Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмист

Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дастур шудааст, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-юми август хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд, дар ҷаласаи Ситоди муқобила бо COVID-19 гуфтааст, "ин тадбир барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ амалӣ карда мешавад."

Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ дар чунин маъракаҳо ҳатмист.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд аз қавли Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, навишт, "таҳлили даҳрӯзаи охир нишон медиҳад, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст".

"Мутаассифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст", -- гуфтааст ӯ.

Дар нишасти Ситоди муқобила бо COVID-19 дар маркази Суғд аз он нигаронӣ шудааст, ки дар баъзе аз марказҳои савдову бозорҳо ва ошхонаҳо чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя намешавад. Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, "дар сурати иҷро нагардидани чораҳо, фаъолияти ин марказҳои савдо бе огоҳӣ қатъ карда мешавад, зеро саломатии шаҳрвандон аз ҳама манфиатҳо боло меистад."

Аз охири моҳи апрел то 3-юми август дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 7500 кас ба бемории коронавируси нав гирифтор шуда, зиёда аз 6300 нафар шифо ёфтаанд. 61 ҳам ҷони худро аз даст додаанд. Омори ғайрирасмӣ аз ин бештар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG