Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон имтиёзи қарзиро барои ҷавонон аз 3 ба 1 сол пойин оварданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Соли 2020 дар Узбекистон шартҳои қарзи манзил барои хонаводаҳои ҷавон тағйир ёфт. Агар пештар қарзи манзил ё ипотека барои навхонадорон давоми 3 сол имтиёз дошт, ҳамакнун ин муҳлатро 1 сол таъйин карданд.

Дар робита ба ин девони вазирони Узбекистон рӯзи 27 август қарор "Дар бораи такмили минбаъдаи таъмини хонаводаҳои ҷавон бо манзил, ки дар ҳаёти иҷтимоии кишвар саҳм доранд"-ро қабул кард.

Тибқи ҳуҷҷат, акнун қарз барои хариди манзил ба навхонадорон ба муҳлати 20 сол дода мешавад. Пештар ин муҳлат 15 солро ташкил медод.

Давоми 5 соли аввал фоизи ин қарз 7 дарсадро дарбар мегирад.

XS
SM
MD
LG