Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳавопаймои исроилӣ дар Абу Забӣ фуруд омад


Ҳавопаймои ширкати исроилии El Al дар Фурудгоҳи байналмилалии Абу Забӣ фуруд омад. 31 августи соли 2020
Ҳавопаймои ширкати исроилии El Al дар Фурудгоҳи байналмилалии Абу Забӣ фуруд омад. 31 августи соли 2020

Рӯзи 31 август баъди мувофиқаи таърихии се ҳафта пеши байни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб барои оддӣ шудани равобит нахустин ҳавопаймои мустақим дар фурудгоҳи Аб-Забӣ фуруд омад. Дар ҳавопаймои нахустин, ки аз ҷониби ширкати ҳавоии исроилии El Al анҷом шуда, аз шаҳри Тел-Авив парвоз кард, ҳайате аз мақомоти исроиливу амрикоӣ, аз ҷумла, домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер ва мушовири амнияти миллии Исроил Мейр Бен-Шаббат ба Абу Забӣ парвоз карданд. Дар Абу Забӣ мақомот бояд роҳҳои ҳамкории миёни мақомоти Исроил ва Иморотро баррасӣ кунанд. Кушнер, ки раҳбарии музокироти пинҳониро ба ӯҳда дошту як натиҷааш шурӯи парвозҳои миёни ду кишвар гардид, пеш аз парвоз гуфт, “умедвор ҳастем, ки ин парвози таърихӣ оғози парвозҳои бештар бар фарози Ховари Миёни хоҳад шуд”. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ин ҳодисаро ҳамчун намунаи иқдомҳои “сулҳ барои сулҳ” ситоиш кард. Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 13 август гуфтанд, ки бо миёнҷигии ИМА равобити пурраи дипломатиро барқарор мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин созиш Исроил ваъда додааст, ки аз нақшаҳои ишғоли бахше аз Каронаҳои Ғарбӣ даст мекашад. Иморот нахустин кишвар дар Халиҷи Араб шуд, ки бо Исроил равобити ҳамаҷонибаи дипломатӣ барпо карда, кишвари сеюмест, ки бо Исроил ҳамкориҳои дипломатӣ дорад. Ин иқдомро чанд кишвари Халиҷ ситоиш, вале Эрон, Туркия ва фаластиниҳо интиқод карданд. Иморот қонуни бойкоти Исроилро ҳам бекор кард, ки аз соли 1972 амал мекард ва моҳи ҷорӣ инчунин миёни ду кишвар иртиботи мустақими телефонӣ барқарор шуд.

XS
SM
MD
LG