Мақомоти Белорус бозпурсии пешвоёни мухолифон дар Минскро дар иртибот ба гуфтаи онҳо “тафтиши ҷиноӣ”-и Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон идома медиҳанд.
Мария Калесникая узви баландпояи Шӯрои ҳамоҳангсози раҳбари мухолифон Светлана Тихановская яке аз дигар аз намояндагони мухолифон шуд, ки барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотии Белорус даъват кардаанд.
Бозпурсии ӯ дар рӯзи 27-уми август баъд аз тазоҳуроти пайвастаи мардум дар Белорус сурат мегирад, ки ба зидди натиҷаҳои расмии интихоботи рӯзи 9-уми август эътироз доранд. Дар интихобот ба гуфтаи мақомот раиси ҷумҳур Александр Лукашенко бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва Светлана Тихановскаяро шикаст дод.
Мақомоти Белорус тазоҳуротро бераҳмона саркӯб карданд. Ду узви дигари раёсати Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифонро бо гуноҳи ташкили ғайриқонунии тазоҳурот ба зидди Лукашенко ба ҳабси чандрӯза маҳкум карданд. Мақомот аз ин пеш Светлана Алексиевич, адиби барандаи Ҷоизаи Нобелро ҳам, ки узви шӯро аст, рӯзи 26-уми август бозпурсӣ карданд.