Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз натиҷаҳои интихобот ба Додгоҳи олӣ шикоят кард


Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Беларус
Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Беларус

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Беларус аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август ба Додгоҳи олии кишвараш шикоят кард.

Ӯ аз додгоҳ хостааст, ки натиҷаҳои интихоботро, ки ношаффоф аст, бекор кунад.

Тихановская гуфт, ки мардумаш раҳбарии тӯлонии Александр Лукашенкоро "ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳанд кард".

Давоми 13 рӯзи пас аз эълони натиҷаҳои интихобот дар Беларус эътироз ва корпартоӣ давом дорад.

Светлана Тихановская дар нишасти матбуотии худ дар пойтахти Литва рӯзи 21-уми август гуфт, ки Лукашенко бояд дарк кунад, ки мардумро ӯро қабул надоранд ва аз қудрат канор биравад.

Ӯ афзуд, умедвор аст, ки мақомот аз ақли солим кор мегиранд ва дар Беларус интихоботи нав баргузор мешавад.

Светлана Тихановская як рӯз пас аз интихоботи Беларус дар Литва пайдо шуд ва гуфт, ки дар Беларус ба ҷони худу фарзандонаш хатар таҳдид мекард.

Ҳазорон шаҳрванди Беларус натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август дар ин кишварро қабул надоранд ва беш аз даҳ рӯз боз эътироз мекунанд.

Дар ин интихобот Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Аммо эътирозгарон Светлана Тихановскаяро пирӯз медонанд.

Мақомоти Баларус ҳазорон эътирозгарро дар чанд рӯзи ахир боздошт кардаанд. Александр Лукашенко талаби истеъфои онҳоро напазируфт.

XS
SM
MD
LG