Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мушакборони Кобул се нафар кушта шудаанд


Натиҷаи суқути як мушак дар Кобул
Натиҷаи суқути як мушак дар Кобул

Дар натиҷаи мушакборон ба як маҳаллаи аҳолинишин ва қароргоҳҳои дипломатӣ дар аввали ҳафта се нафар ҳалок ва 16 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон рузи 19-уми август бо нашри ин хабар гуфт, ки дар умум рӯзи 19-уми август ба маркази Кобул 14 мушак андохтаанд.

Ҳамла рӯзи таҷлили 101-умин солгарди истиқлоли Афғонистон сурат гирифт. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорат гуфт, дар миёни қурбониёни ҳамла ду нафарашон кормандони давлат будаанд. Хабаргузории “Франс Пресс” навиштааст, ки ин ду нафар аъзои горди ифтихории раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ будаанд.

Дар натиҷаи суқути як мушак ба қароргоҳи раиси ҷумҳур 6 горди ифтихории дигар захм бардоштаанд. Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG