Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Бейрут. Ҳукумати Лубнон пас аз эътирозҳо истеъфо дод. ВИДЕО


Сарвазири Лубнон номаи истеъфояшро ба президент супурд
Сарвазири Лубнон номаи истеъфояшро ба президент супурд

Ҳасан Диёб, нахуствазири Лубнон, дар пайи эътирозҳои густурдаи мардумӣ рӯзи 10-уми август аз мақомаш истеъфо дод. Эътирозгарон ҳукуматро ба сар задани таркиши рӯзи 5-уми август дар бандари Бейрут гунаҳкор медонанд. Ин таркиш боиси ҳалокату захмӣ шудани садҳо нафар шуд.

Ҳасан Диёб дар як барномаи телевизионӣ гуфт, "имрӯз истеъфои ҳукуматро эълон мекунам. Худованд нигаҳдори Лубнон бошад". Вай дар идома сиёсатмадоронеро, ки ба гуфтааш "фасод"-и онҳо фоҷеаи таркиши Бейрутро ба бор овард, гунаҳкори вазъияти пешомада ва ҳамкорӣ накардан барои ислоҳот дар кишвар донист.

Ҳасан Диёб гуфт, "онҳо (табақаи сиёсӣ) бояд аз худ шарм бидоранд, зеро, ки фасоди онҳо сабаби ин фоҷеа шуд".

Қаблан Ҳамад Ҳасан, вазири тандурустии Лубнон гуфта буд, кобинаи Ҳасан Диёб ба зудӣ истеъфои худро эълон мекунад. Ӯ гуфт, истеъфои ҳукумат ба ин маъно нест, ки он аз масъулият фирор мекунад. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки мардум ҳақ доранд бидонанд, ки чӣ касоне омили таркиш дар Бейрут буданд.

Истеъфои ҳукумати Лубнон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Чанд соат пеш аз эълони истеъфои ҳукумат, вазирони иқтисод ва адлияи Лубнон истеъфо дода буданд ва ба ин тартиб шумораи вазирони лубнонӣ, ки дар пайи таркиши Бейрут аз ҳукумат канорагирӣ карданд, ба чаҳор нафар расида буд. Вазирони иттилоот ва муҳити зисти он кишвар рӯзи якшанбе истеъфо дода буданд.

Таркиш дар Бейрут:

Таркиши маргбор дар Бейрут
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Лубнон пас аз таркиш дар бандари Бейрут, ки боиси марги ҳади ақал 200 нафар гардид, шоҳиди эътирозҳо ба ҳукумат ва сиёсатмадорони он кишвар шуд. Эътирозгарон хоҳони барканории ҳукумат шуданд.

Агар дар маҷмӯъ 7 вазир аз 20 вазир истеъфо медоданд, кобина дар амал табдил ба ҳукумати муваққатӣ мешуд. То ба ҳол ҳади ақал 9 намояндаи порлумони Лубнон низ истеъфо додаанд.

Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", як додраси лубнонӣ таҳқиқот дар бораи таркиши Бейрутро бо пурсиш аз раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишвар оғоз кардааст.

Рӯзи 5 август дар бандаре дар Бейрут миқдори зиёди селитраи аммиак таркид. Дар ин таркиш ҳудуди 6 ҳазор нафар захмӣ шуда, 300 ҳазор нафар бехонаву ҷо шуданд. Зиёни молии ин таркиш аз 10 то 15 миллиард доллар гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин таркиш дар натиҷаи сӯхтор рух дод, ки анбори нигаҳдории миқдори зиёди селитраи аммиакро низ фаро гирифтааст. Тибқи гузоришҳо, 2750 тонна аз ин мавод дар ин анбор аз соли 2013 ба ин тараф нигаҳдорӣ мешуд.

Эътирозгарон рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба кӯчаву хиёбонҳои Бейрут рехтанд ва бархе биноҳои давлатӣ ва вазоратҳоро барои чанд соат тасарруф карданд. Ислоҳоти воқеӣ дар Лубнон, барканории ҳукумат ва халъи силоҳи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ", аз талабҳои аслии эътирозгарон будааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG