Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI дафтарҳои ширкати "рафиқ"-и раиси ҷумҳури Украинро тафтиш кард


Игор Коломойский раиси вилояти Днепропетровск ҳам буд.
Игор Коломойский раиси вилояти Днепропетровск ҳам буд.

Муфаттишони FBI ва ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико идораҳои ширкатҳои як сармоядори сарватманди украиниро ҷустуҷӯ кардаанд, ки бо раиси ҷумҳур Володимир Зеленский робита дорад. Тафтиши дафтарҳои ширкати Игор Коломойский дар Кливленд ва Маямӣ рӯзи 4-уми август сурат гирифтааст, ки расонаҳои ӯ ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ дар соли 2019 ғайрирасмӣ ба Зеленский кӯмак мекарданд.

Яке аз мақомҳои Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ муфаттишон дар идораҳои ширкат буданд, вале касе дастгир нашудааст ва ҷузъиёти тафтишот ҳам ошкор карда намешавад. Коломойский ва ҳамкори украиниаш Геннадий Боголюбов дар Маямӣ чанд ширкат доранд. Расонаҳои Амрико моҳи апрели соли 2019 ва моҳи майи имсол гузориш доданд, ки FBI парвандаи пулшӯии Игор Коломойскийро тафтиш мекунанд, вале хадамот ин хабарҳоро тасдиқ накарда буд.

Коломойский ва Боголюбов ду сармоядори бонуфузи Украина ҳастанд ва баъди ба қудрат расиданди Владимир Зеленский аз хориҷ ба кишварашон баргаштанд. Иртиботи наздики Коломойский бо Зеленский мояи нигаронии шарикони ғарбии Украина аст, ки гуфтаанд, ба шарти кам кардани нуфузи сармоядорон дар ислоҳоти иқтисодӣ ба Киев кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG