Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар андешаи кушодани роҳ барои парвозҳои нав аст


Фурудгоҳи Внуковои Маскав
Фурудгоҳи Внуковои Маскав

Русия рӯзҳои наздик номгӯйи кишварҳоеро, ки бо онҳо парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ барқарор карданист, эълон хоҳад кард. Дар ин бора Денис Микерин, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибае ба радиои "Комсомолькая правда" рӯзи 28-уми июл ибрози назар намуд.

Қаблан Русия эълон карда буд, ки аз якуми август парвозҳои мустақими байналмилалиро бо Туркия, Танзания ва Бритониё барқарор мекунад.

Микерин афзуд, "музокирот бо бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Тоҷикистон ҳам ҷузъи он аст, барои барқарор кардани парвозҳои маъмулӣ идома дорад. Бо Туркияву Танзания ва Бритониё мувофиқа ҳосил шуд. Дар рӯзҳои оянда ва ё ҳафтаи наздик, фикр мекунам, шумори кишварҳое, ки парвозҳои мунтазам барқарор мешаванд, бештар хоҳанд шуд."

Аммо Микерин санаи дақиқеро дар робита ба барқарор шудани парвозҳои маъмулӣ ба забон наовард. Ҷониби Тоҷикистон ҳам 22-юми июл ба Русия иттилоъ дод, ки омода аст, парвозҳои мунтазамро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз сар бигирад.

Парвозҳои мунтазам миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия аз 20-уми март инҷониб бастааст. Барои бозгардондани шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ташкил шудааст, вале сокинон мегӯянд, он кофӣ нест ва илова ба ин нархи билетҳо низ гарон аст.

Шумораи парвозҳо ин ҳафта бештар карда шуд. Қарор аст ин ҳафта 14 парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон иҷро шавад.

XS
SM
MD
LG