Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асабонӣ шудани Туркманистон аз гузорише дар бораи Тоҷикистон


Маркази Туркманистон, моҳи июли 2020
Маркази Туркманистон, моҳи июли 2020

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ба гузориш дар бораи боду ҳаво, ки дар он гуфта мешавад "мавҷи гармӣ аз Эрон ба воситаи Туркманистон ба Тоҷикистон расид" расман эътироз кард.

Ин гузориш тавассути телевизиони "Мир", ки бештар ҳаводиси кишварҳои пасошӯравиро бозтоб медиҳад, пахш шудааст.

Вазорат рӯзи 27-уми июл дар сомонаи расмиаш гузориши телевизиони "Мир"-ро аз ҷиҳати касбӣ "ноқис ё бесаводона" арзёбӣ кардааст.

Дар идома иддао шудааст, ки коронавируси нав тавассути ҳаво ва қатраҳо мегузарад ва аз ин рӯ ном гирифтани Туркманистон дар робита ба вазиши шамоли гарм метавонад кишварҳои дигарро ба сирояти вирус аз ин кишвар гумонбар кунад.

Ин дар ҳолест, ки Туркманистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки то ба ҳол иддао мекунад, ҳеч яке аз шаҳрвандонаш ба бемории COVID-19 гирифтор нашудаанд. Иддаое, ки нозирони мустақил аз хориҷ онро зери шубҳа мегузоранд.

XS
SM
MD
LG