Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар аз афзоиши бекорӣ дар Исроил


Тазоҳуроти норозиён дар Байтулмуқаддас

Даҳҳо ҳазор нафар дар Исроил бо шикоят аз бекорӣ ва фасоду бархӯрди нахуствазир Бенямин Нетаняҳу ба коронавируси нав гирдиҳамоӣ карданд. Мақомоти пулис гуфтанд, ки рӯзи якшанбе 12 нафар боздошт шуда, барои пароканда кардани эътирозгарон дар Байтулмуқаддас аз мошинҳои обпош истифода шудааст. Мавҷи тазоҳурот чанд ҳафта пеш оғоз шуда, бори аввал садҳо нафар дар наздикии хонаи нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гирдиҳам омаданд. Пулис қабл аз нимашаби гузашта ба тазоҳурот дар наздикии манзили нахуствазир дар Байтулмуқаддас ва як боғи соҳилӣ дар Телавив ва маконҳои дигар иҷоза дод. Бенямин Нетаняҳу бо маҳдудиятҳои шадид дар нимаҳои моҳи марти имсол тавонист аз мавҷи аввали бемории ҳамагир ҷилавгирӣ кунад. Аммо ин тасмим ба иқтисоди Исроил осеби сахт расонд ва бекорӣ дар ин кишвари 8-миллионнафарӣ ба беш аз 20 дар сад расид.

XS
SM
MD
LG