Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар расонаҳои Чин. Аз замини гирифташуда то конҳои пурсарват


Ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ки як қисми қаламраваш ба Чин дода шуд
Ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ки як қисми қаламраваш ба Чин дода шуд

Дастгоҳи иттилоотии Чин дар бораи Тоҷикистон чӣ менависад ва ё аз кадом дарича менигарад?!

Чандест, пойгоҳҳои хабарии чинӣ мақолаеро бо номи "ТОҶИКИСТОН БО ХОҲИШИ ХУД ҲУДУДИ ЧИНРО БАРГАРДОНД ВА СУФАКӮҲИ ГУМШУДАИ ПОМИР БА СОҲИБАШ БАРГАШТ" дар мавзӯи заминҳои ба Чин додаи Тоҷикистон якҷониба, яъне бидуни назари таърихшиносони тоҷик бо такя ба маъхазҳои таърихии Чин ва бе нигоҳе ба сарчашмаҳои таърихии дигар нашр мекунад. Муаллифи он 初尧录 Чу Йао Лу, журналисти таърихнигор аст, ки бештар ба мавзуъхои минтақаҳои таърихии Чин мавод ба нашр мерасонад. Ин мақоларо ахиран ду сомонаи маъруф такроран, яъне бо гузашти муддате бознашр кардаанд.

Вай менависад: "Дар охирҳои ҳукмронии сулолаи Синҳо (1644-1912) бо фишори Ғарб чанде аз ҳудудҳои таърихии Чин пароканда шуданд ва давлат рукуд кард. Баъди асос гузоштан ба давлати навини Чин (1911) баргардонидани заминҳои аздастрафта дар садди аввали ҳукуматдорон буд. Чанде аз ин ҳудудҳо баргардонида шуданд, вале чанде дигар ҳамоно дар ихтиёри ҳамсоякишварҳост. Яке аз ин минтақаҳои хеле қадимӣ Помир ном дорад, ки бо фишори қудратҳои ҷаҳонӣ тӯли 128 сол аз ҷуғрофиёи Чин берун афтода буд". Инҷо манзури нигоранда аз "қудратҳои ҷаҳонӣ" Русия ва Бритониёи Кабир аст. Вале ба андешаи муаллиф бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фурсати муносибе расид ва гӯё дасти қудрати Чин дарозтар намуд: "Дар оғози Тоҷикистони навин, ки дар шароити сахти иқтисодӣ қарор дошт, Чин хеле кӯмакҳои "софдилона" намуд. Ҳамин кӯмакҳо боис шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ташаббуси баргардонидани "заминҳои аздастрафта" -ро намуд. Билохира соли 2010 ин гуфтугӯ байни ду кишвар ниҳоӣ шуд ва Чин дубора ба 1158 километри мураббаъ ё квадратии ҳудуди аздастрафтаи худро соҳиб гардид. Соли 2011 ин минтақаи Помир ба ватани аслии худ, ки 128 сол аз он ҷудо гардида буд, расман пайваст шуд".

Оре, муаллиф ба таври рӯшану возеҳ менависад, ки Тоҷикистон ба Чин 1158 километри квадратияшро дод, дар ҳоле ки дар хабарҳои расмӣ борҳо хондаем, ки ин замин 1100 километри квадратӣ аст, ки дар натиҷаи "ғалабаи дипломатӣ" (ибораи вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ) ба Чин дода шуд. Матбуоти Чин дар баррасии ин масъала танҳо ба маъзахҳои таърихии Чин такия мекунад ва аз маъхазҳои таърихии дигар ё мухолифтаи таърихнигорони маъруф, дар мисоли академик Раҳим Масов, ки далелҳои муқобиро ба нашр расонда буд ёдовар намешавад.

Ошкор нест, чаро бо гузашти 10 сол ин мавзӯъ боз ба сархати расонаҳои чинӣ баргаштааст. Шояд барои он ки чанде пеш даргирии хунин дар марзи Чину Ҳиндустон дар Ладах сабаб гашта бошад, ки дар он 20 марзбони ҳинд кушта шуданд? Расонаҳои Ҳинд навиштанд, Чин бо 14 давлат ҳаммарз аст ва бо ҳамаи онҳо даъвои территориявӣ дорад ва гоҳе ба сари масъалаҳои гӯё ҳалшуда низ бармегардад ва хостори ғалабаҳои нави дипломатӣ мешавад. Дар матлаби ахири худ расонаҳои Чинӣ қаламрави даъвоии кишвари худ на "Мурғоб" ё таври дигар, балки "Помир" ном мебаранд.

Дар пайванд ба ин мақола, ки на фақат кишвари Тоҷикистон, балки мардумашро ҳам дастнигару фақир ҷилва медиҳад, сафарномаи хабарнигори чинӣ Ҷонг Лусен ҳам муҳим аст, ки ҳафтаи гузашта мунташир шудааст. Навиштаи ӯ метавонад ҳар як хонандаи огоҳи тоҷикро нороҳат кунад, зеро дар мисоли як сокини Душанбе ҷомеаи тоҷикро бо шароити пасти иқтисодӣ ба риштаи тасвир кашида, ки аксари оилаҳои тоҷик тавони харидории гӯшти гов ва ҳатто ба рӯи дастархон гузоштани бананро надоранд. Банан шояд ба он хотир таваҷҷӯҳи ин марди чиниро ҷалб кардааст, ки ин мева дар ватанаш хеле арзон аст, ки дар Тоҷикистон намерӯяд, вале дар ин ҷо низ меваҳои шаҳдборе ҳаст, ки на ҳар чинӣ тавони харидани онҳоро дорад.

Тасвирҳои ин рӯзноманигор аз он шурӯъ мешавад, ки тоҷикзане бо номи мустаори Мавлуда дар хиёбони Рӯдакӣ (дар кӯча!) бо вай шинос мешавад ва хоҳиш мекунад то барояш ҷойи кор ёбад. Ҷонг Лусенро ба ин зан раҳм меояд ва ӯро ба манзилаш даъват карда, либосҳояшро мешӯёнад ва хонаашро тамиз мекунаду дар ҷавобаш пул медиҳад. Боре зан низ ӯро ба хонааш меҳмонӣ даъват мекунад, ки қиссааш мухтасар чунин аст:

"Вақте ман дар хонааш меҳмон будам, бароям дастархон ороста ва оши палавро бо гӯшти мурғ пухт. Дар рӯи дастархон ғайри ош ширинӣ ва чандто себи кирмзадаву пӯсида гузошта буд. Ман ки хеле бананро дӯст медоштам, аз ӯ пурсидам, ки дар хона банан доранд? Мавлуда афсурдаҳолона ва хиҷолатомез гуфт, ки не банан меваи қиммат аст ва мо шароити харидории онро надорем. Ман боз пурсидам, ки дар як сол чанд бор гӯшт мехӯред? Вай дар ҷавоб гуфт, ки мо гоҳ-гоҳ гӯшт мехарем ва аз он ки шумо имруз меҳмони мо ҳастед? ба шарофати Шумо хӯроки гуштдор пухтем ва аз ин хеле хушҳолем.

Баъди ин ҳар боре меҳмони хонаводаи Мавлуда мегардам, албатта, чандто банан меорам ва баъзан чанд порча гӯшти гову гӯсфанд низ мехарам. Барои онки писари 9-солаи ӯ бананро хеле дӯст медорад, вале модараш моҳҳо наметавонад барояш ин меваро бихарад".

Сафари ин хабарнигор соли 2018 иттифоқ афтодааст, вале ин навиштаро сомонаи хабарии "Нигоҳи нав ба Роҳи Абрешим" тобистони соли 2020 мунташир кард. Магар дар ду сол вазъи иқтисодии хонаводаҳои тоҷик якранг мондаасту Мавлуда ҳоло ҳам ба рӯи дастархонаш банан гузошта наметавонад?!

Мавзӯъҳои дигаре ки дар мошинаи иттилоотии "рафиқи стротегӣ"-и Тоҷикистон тақрибан ҳамарӯза чарх мезанад, тамаркуз бар захоири табиии ҳанӯз коркарднашуда, аммо кашфшудаи Тоҷикистон аст. Чанде пеш дар сархати хабарҳои Байду-百度 сомонаи ҷустуҷӯӣ ва энсиклопедиии Чин маълумоте нашр шуд, ки тибқи иттилои Сарраёсати заминшиносӣ ё геологии Тоҷикистон харитаи канданиҳои фоиданок алалхусус тилоро дақиқ кардаанд ва коркарди онро шурӯъ мекунанд. Дар хабар омадааст, ки "асосан дар шимоли Тоҷикистон 145 кони тило вуҷуд доштааст, ки масоҳати коркардаш дар маҷмӯъ 900 километрро ташкил медиҳад. Боз 30 минтақаи дигар қарор аст дар ояндаи наздик муайян гардад".

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Тоҷикистон барои коркарди тило ба ширкати чинии ТВЕА иҷозатнома додааст. Дар ин бора моҳи гузашта Маркази таҳқиқоти иқтисодии Чин "Тонгҳуашун" хабар дода буд. Марказ дар сомонаи расмии худ навишт, ширкати ТВЕА ба коркарди тилои Кумарғи Боло ва Дуобаи Шарқӣ иҷозатнома (сертификат) гирифт. “Қарор буд ширкат сохтмони лоиҳаро аз баҳори соли 2020 шуруъ кунад, вале пандемияи коронавирус ҷараёни иҷрои лоиҳаро суст кардааст. Сохтмони лоиҳа аз рӯи нақша якуним солро дар бар мегирад. Агар густариши вирус ба кори ҳамлу нақли таҷҳизот халал нарасонад, то нимаи соли 2021 ва ё ҳадди ақал то охири соли оянда сохтмони лоиҳа ба анҷом мерасад”, -- омадааст дар хабари "Тонгҳуашун".

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG