Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Косово гуфт, "кори хатое" накардааст


Ҳошим Тачӣ баъди бозпурсӣ дар ҳузури додситонҳо. Акс аз рӯзи 13-уми июли соли 2020
Ҳошим Тачӣ баъди бозпурсӣ дар ҳузури додситонҳо. Акс аз рӯзи 13-уми июли соли 2020

Баъди бозгашт аз як додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ аз шаҳри Гаагаи Ҳолланд, Ҳошим Тачӣ, раиси ҷумҳури Косово аз амалкардҳояш дар ҷанги Косово бо Сербистон ҳимоят кард ва хостори ваҳдат миёни кишварҳои Балкан шуд. Ҳошим Тачӣ рӯзи 18-уми июл дар ин бора сухан гуфт. Нутқи ӯро дар телевизион ва Фейсбук нашр карданд.

Раиси ҷумҳури Косоворо чаҳор рӯз дар шаҳри Гаага доир ба ҷангҳои ҷудоиталабии Косово ба зидди Сербистон дар соли 1990 бозпурсӣ карданд. Додгоҳи Махсуси Косов рӯзи 24-уми июн эълон кард, Ҳошим Тачӣ ва чанде дигар аз афроди шинохта дар Косово ба ҷиноятҳои ҷиддӣ, аз ҷумла “100 қатл”, шиканҷа муттаҳам мешаванд.

Тачӣ бо ҳимоят аз амалкардҳояш дар ин ҷанг гуфт, ҳеҷ кори хатое накардааст. Раиси ҷумҳури Косово афзуд, ки ба ҷараёни муҳокима ва маълум кардани ҳақиқат дар ҷангҳои соли 1998-99 эҳтиром мегузорад ва бовар дорад, ки “муборизаи ӯ барои озодӣ ва истиқлол” собит мешавад.

Тачӣ дар он солҳо фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд. Ин кишвар, ки як бахши умдатан албанинишини Сербистон буд, соли 2008 худро мустақил эълон кард ва то кунун онро 110 кишвар ба расмият шинохтаанд. Аммо Русияву Чин ва чанде аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Юнон онро кишвари мустақил намешуморанд.

XS
SM
MD
LG