Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро суст кардааст


Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2020 фақат 3.5 дар сад зиёд шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 камтар аст. Дар соли 2019 рушди ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсолаи аввал 7.5 дар садро ташкил додааст.

Дар бораи нишондодҳои иқтисодӣ ва молии Тоҷикистон дар як ҷаласаи Бонки миллӣ дар рӯзи 17-уми июл хабар додаанд. Хабаргузории “Ройтерс” менависад, мақомоти бонк сабаби суръати сусти рушди иқтисодиро дар пандемияи коронавируси нав гуфтаанд. Тоҷикистон пойбанди пули муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, ки иқтисоди он кишвар низ ба сабаби поин омадани қимати нафт, осеб дид ва муҳоҷирони зиёде ҳам бекор монданд.

Аз тарафи дигар Чин, сармоягузори аслии Тоҷикистон ба сабаби бастани марзҳо иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодиашро дар кишвар ба таъхир андохт. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи гузашта дурнамои иқтисодии кишвар дар соли 2020 бознигарӣ кард ва гуфт, ки имсол рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ на 7.8 балки 4.7 дар садро ташкил медиҳад.

Дар баёнияи Бонки миллӣ аз ҷараёни нишаст омадааст, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, “Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллари ИМА маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.”

XS
SM
MD
LG