Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар орзуи Макка. COVID-19 миллионҳо мусалмонро аз сафари ҳаҷ маҳрум кард


Акс аз бойгонӣ

Бисёре аз мусалмонон дар Осиёи Миёна барои солҳои зиёд пул ҷамъ карда, мунтазири навбати худ мемонанд, то маросими ҳаҷро, ки ба ҳар мусалмони тавоно дар зиндагӣ як дафъа фарз аст, анҷом диҳанд. Аммо бинобар коронавируси нав адои ҳаҷ барои онҳое, ки дар хориҷ аз Арабистони Саудӣ ба сар мебаранд, ғайриимкон аст. Ин амр бисёриҳоро дар ҳайрат гузоштааст, ки то соли дигар мунтазир биистанд, ё пулҳои худро хайр кунанд.

Ширин Назирмадова, пизишки тоҷик, ки барои анҷоми ҳаҷ пул ҷамъ карда буд, маблағро барои харидани таҷҳизоти зарурӣ ба як бемористон дод. "Ман дар соли 2015 барои ҳаҷ сабти ном кардам ва имсол навбатам расид, аммо сафар бекор шуд", -- гуфт ӯ.

Пас аз он ки Арабистони Саудӣ моҳи гузашта тасмим гирифт, зоирони хориҷиро барои адои ҳаҷ бинобар паҳншавии коронавирус иҷоза намедиҳад, мисли Назирмадова нақшаи миллионҳо нафар зарба хӯрд. Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, танҳо 1000 нафар – танҳо онҳое, ки дар ин кишвар будубош доранд, иҷоза хоҳанд ёфт, дар маросими имсолаи ҳаҷ, ки 28-уми июл оғоз шуда, 2-юми август поён меёбад, иштирок кунанд.

Шахсоне, ки иштирок мекунанд, бояд зери синни 65-сола бошанд ва қабл аз ворид шудан ба шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина аз ташхиси COVID-19 гузаранд.

Назирмадоваи 60-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ барои соли дигар мунтазири як фурсати дигар намемонад. Дар иваз пули ҷамъовардаашро барои ҳаҷ ба як бемористони маҳаллӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон барои муқобила бо COVID-19 харҷ кард.

Ин бемористони маҳаллӣ ин маблағро барои хариди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ барои кормандон, дору ва маҳлулҳо сарф намуд. Камбуди васоили муҳофизати шахсӣ дар бисёре аз бемористонҳои ин кишвари фақири Осиёи Миёна вуҷуд дорад.

Ба унвони табиби ботаҷриба, Назирмадова дар хатти аввали мубориза бо вирус буд. Ба ҷои сафар ба Каъба ва сангпартоӣ ба сӯи Шайтон дар Мино, ӯ дар бемористони Фархор кор хоҳад кард, то гирифторони COVID-19 ва маризони дигарро муолиҷа кунад.

Қонунҳо ва муқаррароти нав

Дар Арабистони Саудӣ 217 ҳазор нафар ба бемории COVID-19 гирифторанд ва беш аз ду ҳазор нафар аз ин маризӣ ҷон бохтаанд. Дар саросари Ховари Миёна ба эътибори шумораи ҷонбохтагон, Арабистони Саудӣ пас аз Эрон, Миср ва Ироқ қарор дорад.

Бино бар бӯҳрони коронвирус, Арабистони Саудӣ ҳамчунин ҳаҷҷи умраро, ки дар ғайри моҳи зулҳиҷҷа баргузор мешавад, маҳдуд кард. Солҳои ахир солона ҳудуди 7 миллион нафар барои адои ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.

Бар асоси як низоми квота ё саҳмиябандии дақиқ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои панҷ ё шаш сол барои рафтан ба ҳаҷ ва расидани навбат мунтазир мемонанд. Саҳмияи солонаи ҳаҷ барои Тоҷикистон ҳудуди 6000 ҷой аст. Чунин ҳолат дар кишварҳои дигари Осиёи Миёна – Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон вуҷуд дорад.

Дар Фархор табиб Ширин Назирмадова намедонад, ки оё соли оянда имкони ҳаҷ карданро хоҳад дошт ё на. Хароҷоти ин сафар, ки аз сӯи Кумита оид ба корҳои дин ташкил мешавад, 3700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои як табиби деҳот, ки ҳамагӣ 150 доллар маош дорад, хеле гарон аст.

Сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшини Муқим рӯзи 6-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳое, ки роҳхати ҳаҷҷи имсоларо доштанд, имкон дода мешавад, ки соли оянда ба ҳаҷ сафар кунанд, агар чунин хоҳише дошта бошанд.

Аммо кумита замонат дода наметавонад, ки қимати ҳаҷ, ки бо доллар пардохт мешавад, дар соли 2021 ҳамин миқдор мемонад, ё боло меравад: "Маблағи ҳаҷ бо доллар дар ҳафт ё ҳашт соли охир ҳамин аст, аммо чун пули миллӣ, сомонӣ, дар солҳои ахир қурби худро дар баробари доллар аз даст дод, қимати сафар бо асъори миллӣ боло рафт".

Бо нархи пули феълӣ, харҷи сафари ҳаҷ ҳудуди 38 ҳазор сомонӣ аст, дар ҳоле, ки ҳашт сол қабл наздик ба 19 ҳазор сомонӣ – нисфи қимати имсола буд. Маошҳо ҳамоно поин ва сатҳи таваррум дар Тоҷикистон боло аст ва баъид ба назар мерасад, ки харҷи сафар барои тоҷикони одӣ дар соли оянда арзонтар шавад.

Тоҷикистон маҳдудиятҳоеро барои довталабони сафари ҳаҷ ҷорӣ кардааст. Талабгорони сафар ба ҳаҷ бояд аз 40-сола боло бошанд ва бояд аз сӯи мақомоти маҳаллӣ мавриди тафтиш қарор гиранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG