Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико расман аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хориҷ шуд


Ҳукумати Амрико расман ба Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст, ки аз 7-уми июл барои як сол аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ берун мешавад. Амрико бузургтарин сармоягузори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ буда, наздик ба 15 дарсади буҷаи созмонро медиҳад.

Доналд Трамп, президенти Амрико аз оғози паҳншавии коронавирус борҳо СҶТ-ро танқид карда, онро таҳти "истило"-и Чин номида буд. Дабири кулли СММ ин созмонро пештар дастгирӣ намуда, нақши онро дар истодагарӣ бо бемории ҳамагири COVID-19 "муҳим" дониста буд.

Амрико рӯзи сешанбе ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ хабар додааст, ки барои як сол аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ берун мешавад.

Трамп дар нимаи моҳи апрел эълон карда буд, ки бинобар "кӯтоҳӣ"-и созмон дар мубориза ба коронавирус, ёрии пулии Амрикоро ба он бас мекунад. Вашингтон Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро ба "ҳамдаст будан бо Чин" муттаҳам кардааст.

Пас аз як моҳ Трамп гуфт, шояд бахше аз буҷаи СҶТ-ро диҳад, аммо ду ҳафта баъд эълон кард, ки кишвараш бо ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид муносибаташро канда мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, "ҳарчанд Амрико солона 450 миллион доллар ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ёрӣ медиҳад ва дар андоза бо Чин, ки солона 40 миллион доллар кумак мекунад, СҶТ пурра таҳти назорати Чин мебошад. Мо барои дигаргунӣ дар созмон пешниҳодҳои худро расондем, аммо чорае андешида нашуд".

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуноҳи "ҳамдастӣ"-и худро бо Чин рад кардааст. Сарвари созмон дар Аврупо низ гуфта буд, "мо ҳанӯз дар марҳилаи душвори як бемории ҳамагир зиндагӣ мекунем ва аз ин рӯ вақти хубе барои кам кардани ёриҳои молӣ нест".

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ низ дар суханрониаш ба кормандони ин ниҳод гуфта буд, паҳншавии коронавирус "яке аз хатарноктарин душвориҳое аст, ки ҷаҳон ба он даст ба гиребон шудааст" ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар мубориза ба он "нақши хеле муҳим" дорад.

Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар ба COVID-19 олуда шудаанд, ки наздик ба се миллиони онҳо дар Амрико мебошанд. Дар ин кишвар то кунун аз ин беморӣ зиёда аз 130 ҳазор нафар мурдаанд. Шумораи умумии нобудшудагон аз ин беморӣ дар саросари ҷаҳон ба 530 ҳазор нафар расидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG