Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон истихроҷи уранро дубора иҷозат дод


Порлумони Қирғизистон.
Порлумони Қирғизистон.

Вакилони порлумони Қирғизистон 29 май лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани моратория ба иктишоф ва коркарди конҳои урану торийро дар ин кишвар қабул кард.

Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 69 вакил раъй дода, танҳо се нафар зид баромадааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ба порлумони қирғизистон Девони вазирони ин кишвар пешниҳод карда буд.

Дар шарҳи пешниҳод гуфта шуд, ки истихроҷ ва содироти маъданҳои фоиданок, аз қабили урану торий, дар сурати риояи қатъии меъёрҳои экологӣ ҳангоми коркард метавонад ба ҷузъи муҳими иқтисоди Қирғизистон табдил ёбад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам гуфта буд, ки қонуни манъи коркарди конҳои уран дар кишвараш бояд бекор карда шавад.

Порлумони Қирғизистон 2 майи соли 2019 дар пайи эътирози сокинон ба қарори ҳукумат дар бораи тасмими истихроҷи уран дар кони Қизил-Омполи вилояти Иссиқкӯл истихроҷи уранро дар он кишвар манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG