Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти беш аз 200 донишманди ҷаҳон: "Коронавирус аз тариқи ҳаво ҳам интиқол меёбад"


Яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон.
Яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон.

Беш аз 200 донишманд дар ҷаҳон пас аз таҳқиқот ба ин натиҷа расидаанд, ки коронавирус аз тариқи ҳаво ҳам ба инсонҳо интиқол меёбад. Бо ин ёфтаҳои нав, шояд чораҳои феълӣ барои пешгирӣ аз коронавирус тағйир ёбад.

Шуморе аз донишмандони ҷаҳон аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) талаб кардаанд, ки тавсияҳояшро барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тағйир диҳад. Дар як номаи боз, ки ҳамин ҳафта дар маҷаллаи бемориҳои уфунии Донишгоҳи Оксфорд нашр шуд, донишмандон гуфтаанд, таҳқиқи онҳо нишон медиҳад, ки коронавирус тавассути зарраҳои хеле хурди муаллақ дар ҳаво ҳам сироят мекунад.

Шакке вуҷуд надорад, ки вирус аз фарди бемор ҳангоми сӯҳбат ё сулфа ба фарди дигар мегузарад, аммо ҳоло ба бовари донишмандон, бархе зарраҳои хурд дар ҳаво боқӣ мемонанд. Ба ин тартиб, таҳқиқоти нав нишон медиҳад, ки хатари гирифторӣ ба коронавирус дар ҷойҳои пӯшида бештар аз чизест, ки дар гузашта тасаввур мешуд.

СҶТ бар ин таъкид дорад, ки коронавирус дар натиҷаи сулфа ва атса задан аз ҷониби фарди гирифтор тариқи зарраҳои хурд пахш мешавад ва сипас ба замин меафтад. Ин созмон эҳтимоли интиқоли вирус аз тариқи ҳаворо рад карда буд.

Аммо рӯзи душанбеи 6-уми июл дар эъломияи СҶТ гуфта шуд, ки ёфтаҳои навро бо мутахассисон дар миён мегузорад ва таҳқиқ мекунад. Ин созмон дар чанд ҳафтаи гузашта мавриди интиқоди шуморе аз ниҳодҳои илмӣ ва тандурустӣ қарор гирифтааст.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш медиҳад, ки СҶТ ахиран аз дастур барои пушидани ниқоби тиббӣ худдорӣ карда ва гуфтааст, эҳтимоли интиқоли вируси корона барои касоне, ки аломатҳои COVID-19-ро надоранд, хеле кам аст.

Ин 239 донишманди улуми мухталиф дар номаи муштаракашон нигаронанд, ки надоштани огоҳӣ аз ин масъала ва додани тавсияҳои ғайриилмӣ ба беморони COVID-19, пайомадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи донишмандон, мардум фикр мекунанд, ки бо тавсияҳои феълӣ комилан дар амон ҳастанд, аммо барои дар воқеъ бештар эмин будан, ба чораҳои зиёдтар ниёз аст.

Бино бар омори Пажуҳишгоҳи Ҷонз Ҳопкинси Амрико, ҳоло шумораи гирифторон ба COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 11,6 миллион расида, шумораи фавтидагон аз 538 ҳазор нафар гузаштааст ва теъдоди шифоёфтагон ҳам ба беш аз 6 миллион тан расидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG