Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди дар канори Вена кушташуда эҳтимолан аз мунаққидони Қодиров буд


Мамихан Умаров - акс аз шабакаи YouTube бо "Чеченҳои Австрия"

Як марди паноҳҷӯи дар беруни шаҳри Вена, пойтахти Австрия кушташуда собиқ ҷангии нирӯҳои ҷудоиталаби чечен ва мунаққиди раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров будааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ манобеи ҷомеаи чечентаборҳои Австрия хабар доданд. Ба иттилои ҳамин манбаъҳо, марди кушташуда Мамихан Умаров буд, ки бо лақаби Анзори венагӣ машҳур мешинохтанд. Мақомот дар Вена ҳуввияти ӯро танҳо чун марди 43-солаи паноҳҷӯ аз Русия муаррифӣ карданд. Ба иттилои онҳо, ин мард дар як тавқифгоҳи мошинҳои марбут ба маркази тиҷоратии воқеъ дар шаҳри Герасдорф ҳадафи тири ҳамлагар қарор гирифт. Тибқи иттилои аввалия, тири туфанд ба сари Умаров расида, ӯ то омадани ёрии таъҷилӣ ҷон дод. Қотили гумонбар чанд соат баъди ин ҳодиса дар як амалиёти вижаи полис дар 200-километрии ғарби Вена дар шаҳри Линс боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки боздоштшуда як шаҳрванди Русия аст. Полис ва муфаттишон талош доранд сабабҳои ин кушторро муайян кунанд. Сухангӯи сафорати Русия дар Вена ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки касе бо сафоратхона дар робита бо ин ҳодиса дар тамос нашудааст.

XS
SM
MD
LG