Зане, ки бо нишони эътироз дар назди бинои ҳукумати Кӯлоб қасд ба ҷони худ кард ва як ҳафта дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ буд, нияти аз роҳи қонунӣ ҳал кардани мушкилашро дорад.
Сарвиноз Нусратуллоева, сокини 36 солаи Кӯлоб, ки барои манзили падарӣ бо хоҳару бародаронаш чор сол боз баҳс дорад, се ҳафта пеш дар назди бинои ҳукумати Кӯлоб раги дасташро бурид. Пизишкон ӯро наҷот доданд ва як ҳафта дар Беморхонаи бемориҳои равонӣ бистарӣ карданд.
Ӯ мегӯяд, мақомдорон ба доди ӯ намерасанд. Дар ҳукумати Кӯлоб гуфтанд, ки баҳси ӯ ба ҳукумат рабт надорад ва бояд дар додгоҳ ҳал шавад. Мақомот ин хонаводаро дар руйхати осебпазирҳо ворид кардаанд.
Сарвиноз, ки зоҳиран аз буридани раги дасташ пушаймон шудааст, худкуширо роҳи ҳал намедонад ва ҳоло вакили дифоъ киро кардааст, то мушкилаш дар ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ баррасӣ шавад.
Ӯ мегӯяд, хоҳару бародаронаш ӯро аз ҳақи манзили падарӣ маҳрум карданианд ва дар чор соли ахир 16 бор лату кубаш кардаанд, то барои ҳақаш даъво накунад. Ба иддаои ӯ, ин ҳамаро мақомот нодида гирифтаанд ва ба додаш нарасидаанд.
“Мехоҳанд, ки хонаро фурӯшанд. Ҳамин сабаб шуд, ки ҳоло хонаводаи мо дар оилаҳои ноустувор дохил шудааст. Ман дар як ҳуҷраи хонаи падарӣ зиндагӣ мекунам ва курта духта зиндагиямро пеш мебарам. Аммо онҳо ҳар маротиб ба ман ҳамла мекунанд. Дар даст ташхисҳои судиро дорам ва ба милиса муроҷиат мекунам, аммо онҳо чора намеандешанд”,-гуфт ӯ.
Ин зан мегӯяд, пас аз ҳар ҷангу ҷанҷол маҷбур мешавад, ки ҳамроҳи писари бемораш чанд рӯзро дар хонаи шиносҳояш гузаронад. Пайвандонаш, баръакс ӯро духтари ҷанҷолӣ меноманд, ки онҳоро зиндагии ором кардан намегузорад.
Нигинамо Рӯзиева, модари Сарвиноз гуфт, аз шикоятҳои духтараш хаста шудааст. Ӯ гуфт, даъвои духтараш асос надорад ва баръакс солҳост хонаводаро ба баҳсҳои беасоси додгоҳӣ банд кардааст. Ба гуфтаи пайвандон, ӯ мехоҳад бештар аз ҳама дигар фарзандон ба моликтяи падар ҳақ дошта бошад.
“Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯзи гармӣ прокуратура моро ба Душанбе даъват карда буд ва онҷо рафтем, бачаҳои хуб дорам ва онҳоро доғи судӣ дод”,-гуфт ин зан.
Мушкили Сарвиноз бо хонаводааш аз ҷумлаи мушкилотест, ки пайдо кардани ҳақу ноҳақ дар он мушкил аст. Аммо бори аввал нест, ки занҳо баъди мушкилот қасд ба ҷони худ мекунанд. Коре, ки коршиносон онро як навъ эътирози беҳуда барои ҳали мушкил медонанд.
Аз ин пеш, Олиямо Очиловаи 34-сола, сокини дигари шаҳри Кӯлоб шаби 10-уми июл баъди баҳсҳои оилавӣ худро оташ зад ва дар бемористон даргузашт.
Равоншиносон мегӯянд, худкушӣ роҳи ҳал нест ва занон набояд ба ин роҳ эътироз кунанд. Зоҳиран, Сарвиноз низ ин нуктаро дарк кардааст ва ҳоло мехоҳад, аз роҳи қонун мушкилро ҳал кунад. Мушкиле, ки хеле печидааст ва маълум нест, ки то куҷо ба манфиати Сарвиноз ҳал мешавад.
Душанбе. Саволи ман ин аст ки агар ин донишҷӯён гунаҳкор ва хоин миллати тоҷик ҳастанд чаро. Хоини онҳоро ошкор мурофиа онҳоро баргузор намекунанд???? Ба назари мо донишҷӯёни тоҷик хоин нестанд. Ин ҳама дар ғарби дарс хонда бо савод шуданд. Ки рафта дар кишвари худ ба мардум хидмат кунанду дар кишвар сарбаланд бошанд. На зиндонӣ....
Душанбе
Хуручи НАТО аз Афгонистон ин шармандагиест, ки СССР фавкулоди ин иштибохро карда буд Бигузор Амрико раванд хоханд рафтан гирад, аммо НАТО агар равад ин шарму шикасти Амрико ва Аврупоро меорад Афгонистон ин Ирок Ветнам Чопон Германия Аргентина нест мухтрам созмони пурнуфузи НАТО...
Ҳабс танҳо дар ҷиноятҳои махсусан вазнин пешбини шудааст. Ин бечора донишчӯён чи ҷинояте содир кардаан? Агар ҳукумати тоҷик далел медошт ҳеҷ гоҳ мурофиаи додгоҳи пушти дари баста намегузашт, чун барои айбдор намудан далел надоранд пушти дари баста говсуд гузаронидаанд.
Фахмидем дар Душанбе лекин магозааш дар кучо чойгир хаст сурогаашро пурра менавистед хубтар мешид.пешаки рахмат