Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсара Самадова: "Мехоҳам зиндагиямро аз нав созам, вале..." ВИДЕО


Ҳаёти талхи зани бефарзанд дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Як зани 53-солаи тоҷик мегӯяд, бефарзандӣ азияташ медиҳад ва ба хотири он ки натавонист тифле ба дунё орад, аз ҳамсараш ҷудо ва дар байни хешу табор ангуштнамо шуд. Ҳоло ният дорад, аввал сарпаноҳ ёфта, сипас тифлеро ба фарзандхонӣ бигирад ва зиндагиашро аз нав созад.

Гулсара Самадова сокини ноҳияи Варзоб аст ва мегӯяд, алами бефарзандӣ шонаҳояшро хам кардааст. Ин зан зиндагии сӣ соли ахири худро чунин хулоса кард: "Ман зиндагӣ надорам, танҳо вуҷуд дорам."

Ба қавли ӯ, набудани фарзанд дар оилаҳои суннатии тоҷик муҳаббати ҳамсаронро гусаста, барои аз ҳам пошидани хонаводаҳо сабаб мешавад. "Мардон танҳо ба хотири фарзанд бо занон зиндагӣ мекунанд, вагарна ҳеч зане дар ин ҷомеа ба касе лозим набудааст", -- гуфт ӯ.

Хонум Самадова афзуд, ҳанӯз бист сол дошт, ки бар пояи ишқу муҳаббат бо шавҳари аввалаш хонадор шуд. Зиндагии муштараки онҳо ёздаҳ сол идома кард, аммо муроҷиат ба пизишкон ва табобат барои ба дунё овардани тифл бенатиҷа анҷом шуд. Онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.

Бо умеди зиндагии беҳтар дубора издивоҷ кард, аммо ин навбат бахт ба рӯяш нахандид ва ӯро духтарони шавҳари дуюм аз хона рондаанд.

"Як муддат бе ақди никоҳи расмӣ бо ин мард зиндагӣ кардам. Мехостам, фарзандонашро бузург кунам ва худамро дар ин хона модар эҳсос намоям, аммо онҳо маро қабул накарданд. Аз хона ронданд. Шавҳарам не гуфта натавонист", -- нақл кард ӯ.

Ба гуфти ӯ, "зане, ки фарзанд ба дунё оварда наметавонад, ҳатто дар ҷомеа ба як шахси нодаркор табдил меёбад. Дигарон аз ҳузураш "ҳазар" мекунанд. Ман ба маъракаҳои хурсандии дигарон рафта наметавонам. Вақте як нафар мегӯяд, ӯ бефарзанд аст, ҳамин кофист, ки дигар зиндагӣ накунед. Беҳтар медонам, ки дар хона бошам."

Аммо аз ояндааш ҳарос дорад ва мегӯяд, он рӯз ҳам дур нест, ки шояд касе дигар дарро ба рӯяш боз накунад. Вай иқрор мекунад, ки зиндагӣ ба танҳоӣ барои як зан осон нест: "Фақат як лаҳзаи танҳоӣ дар зиндагиро тасаввур кунед. Дунё дар назарат торик мешавад. Аз фикри зиёд ва гиряи бисёр асабҳоям хароб аст. Гоҳе дигар соатҳо мегирям, фишори хунам баланд шудааст. Дигар чора надорам."

Гулсара Самадова муҳоҷират дар Русияро ҳам таҷриба кардааст. Бо умеди ба фарзандхонӣ қабул кардани тифле ба Тоҷикистон баргашт, вале муроҷиаташ рад шуд – чун ҷойи муайяни зист надошт. Ин зан гуфт, зиндагияшро аз ҳисоби корҳои мавсимӣ дар коргоҳҳои хурду хонаҳои мардум пеш мебарад.

Пандемияи COVID-19 ҳам ба зиндагии ӯ беасар намонд ва ҳоло ҷойи кор надорад. Мегӯяд, ҳамеша орзу дошт, ки як бор модар шавад ва тифлашро рӯйи дастонаш бигирад, аммо ин ҳама барояш мисли хоб мондааст ва танҳо метавонад аз тамошои бозии кӯдакон дар кӯча армон бишканад.

Хонум Самадова дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад. Борҳо аз мақомот хостааст, барои пайдо кардани сарпаноҳе мадад кунанд, то кӯдакеро ба фарзандхонӣ бигирад, аммо талошҳояш то ҳанӯз бентиҷа будааст: "Чанд бор посух медиҳанд, ки агар ягон сарпараст пайдо шуду имкон шуд, ба шумо кумак мекунем. Тамом. Дигар намедонам чӣ кор кунам."

Ин сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд, наздикон барояш кумак намекунанд, чун доро нестанд ва ба зиндагии худ бо азобе мерасанд. Ӯ низ намехоҳад ба зиндагии онҳо бо ҳузураш дахолат кунад ва аз мақомот ва афроди хайрхоҳ ёрӣ мехоҳад.

Ӯ ният дорад бо ёфтани сарпаноҳ тифлеро ба фарзандхонӣ бигирад ва зиндагиашро аз нав созад. Бовар дорад, модари хуб хоҳад шуд ва аз уҳдаи таълиму тарбияи кӯдак хоҳад баромад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG