Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

51 модари тоҷик аз фарзандони худ рӯ гардондаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Даҳҳо модар дар Тоҷикистон соли 2017 аз фарзандони худ даст кашида ва онҳоро ба ихтиёри давлат додаанд, то дар ҳаққашон ғамхорӣ кунад.

Як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта дар хонаҳои кӯдакони тобеи вазорат, 51 кӯдакеро қабул карданд, ки “волидайнашон аз онҳо даст кашидаанд.”

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, аз нисф бештари ин кӯдакон навзодон ҳастанд, ки модарашон баъди лаҳзаҳои аввалини тавваллуд гуфтаанд, ки ӯро намехоҳанд ва беҳтар аст, фарзандашро “ба дасти каси дигаре бидиҳанд, ки ӯро бузург кунаду ба воя расонад.”

Дар умум дар соли гузашта, модарони ҷавон баъди таваллуд дар шифохонаҳои гуногуни Тоҷикистон аз “парастории 33 навзод даст кашидаанд” ва онҳоро ба ихтиёри давлат додаанд.”

Яке аз сабабҳои даст кашидан аз тарбияи кўдак дар оила, мушкилоти иқтисодӣ ва моддии оилаҳо будааст, ҳарчанд мавридҳои таваллуди берун аз никоҳ низ кам набудааст.

Дар Тоҷикистон таваллуди берун аз никоҳ барои духтарон “иснод овардан ба шаъни хонавода” ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ духтарони ҷавон дар аксар ҳолат дар сурати таваллуд аз кӯдак даст мекашанд.

Дар Тоҷикистон таваллуди берун аз никоҳ барои духтарон “иснод овардан ба шаъни хонавода” ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ духтарони ҷавон дар аксар ҳолат саъй мекунанд, ҳомиладориашон пинҳон бимонад ва ё дар сурати таваллуд аз кӯдак даст мекашанд. Дар ҳолатҳои дигар ҳарду волидайн ҳам падару ҳам модар аз навзоде даст кашидаанд, ки бо нуқсҳои ҷисмонӣ ба дунё омадаанд.

Ҳолатҳое ҳам будааст, ки зани ҷавоне бинобар тангдастӣ кӯдаки навзодашро баъди таваллуд ва бо муомилаи пинҳонӣ ва гирифтани миқдоре пул ба оилаи мӯҳтоҷи фарзанд додааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ингуна мавридҳо соли 2017 бештар шудаанд, ки мояи нигаронист. Дар он сол додситонӣ ба зидди 30 нафар бо иттиҳоми “хариду фурӯши ноболиғон” 10 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст. Соли 2016 чунин парвандаҳо камтар ва 6 адад будааст.

Як чунин ҳодиса ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ рӯзи 4-уми апрел рух додааст. Ба гуфтаи вазорат, як сокини 30-солаи шаҳри Турсунзода дар он рӯз, писари навзодашро “бинобар надоштани шароити мусоид ба марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба маблағи 3000-сомонӣ фурӯхтааст.” Зоҳиран муомилаи пинҳонии ду нафар ошкор шудааст ва модарро дастгир карда ва ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар аксар ҳолатҳо хариду фурўши кўдакони навзод аз тарафи шахсони бефарзанд ва асосан модарони танҳо, ки имконияти таъмин ва тарбияи фарзандони худро надоранд, содир шудаанд.

Набуди ҳимояти иҷтимоии муносиб аз занони танҳо, муқаррароти печидаи фарзандхонӣ дар Тоҷикистон, таънаи мақомот ва ҳатто табибон ба духтароне, ки берун аз никоҳ фарзанд ба дунё меоранд, аз омилҳои дигар ва аслие ҳисоб меравад, ки бахусус духтарони тоҷикро водор мекунад, аз фарзанди худ даст бикашанд.

Ҳоло вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки дар пайи ислоҳи чунин вазъ аст. Ба қавли як намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои барои тарбия ва нигоҳубини кӯдакон дар муҳити оилаи солим, вазорат тарҳи низомномаи “Маркази дастгирии оила ва кўдак”- ро таҳия кардааст. Ҳадафи низомнома “пешгирӣ аз даст кашидани волидайн аз тарбияи кӯдак” ва мусоидат ба бозгардонидани кӯдак ба назди волидайн будааст.

XS
SM
MD
LG