Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои пешини Гулнора Каримоваро мефурӯшанд


Гулнора Каримова.
Гулнора Каримова.

Дар ноҳияи Бустонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон истироҳатгоҳи "Сиҷак"-ро ба фурӯш гузоштанд, ки пештар ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини он кишвар Ислом Каримов рабт дошт. Дар ин бора Оҷонсии идораи амволи давлатии Узбекистон хабар медиҳад.

Ҳаҷми умумии масоҳати маҷмааи истироҳатӣ 5,38 га-ро ташкил медиҳад.

Ин маҷмаа меҳмонхона, толори варзиш, се ҳавз, ду фаввора, амфитеатр ва дигар иншоотро дар бар мегирад.

Маҷмааи мазкур соли 2017 ба ҳабс гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG