Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон ба пизишкони Ворух 1 миллион рубл кӯмак карданд


Пизишкони тоҷик ҳангоми табобати гирифторони Ковид-19. Акс аз бойгонӣ
Пизишкони тоҷик ҳангоми табобати гирифторони Ковид-19. Акс аз бойгонӣ

Зодагони ҷамоати Ворухи Исфара, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ба 118 нафар пизишку хоҳарони шафқат ва фаррошони беморхонаи Ворух 1 миллион рубл кӯмак кардаанд.

Ин кӯмак ба муносибати “Рӯзи Ваҳдат миллӣ” ба нишони қадрдонӣ ва арзи сипос барои кори пизишкон дар шароити коронавирус анҷом ёфтааст.

Як корманди беморхонаи ҷамоати Ворух рӯзи 27 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъа кумаки ирсолнамудаи муҳоҷирони корӣ дар беморхона ба онҳо тақдим карда шуд.

“Ҳамчунин бо кӯмаки ҷавонмардони ворухӣ дар соли равон ба духтурон сарулибоси муҳофизатӣ, 2 тонна хлор харидорӣ кардем ва боз аз Русия дорувории бисёр фиристоданд, шароити беморхона, ҳамом, утоқи либосшуӣ беҳтар карда шуд ва боз ба духтурҳо 1 миллион рубл кӯмак карданд. Мо барои ин саховатмандию пуштибонӣ миннатдорем”,- мегӯяд, ҳамсуҳбати мо.

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 5 ҳазор нафар гузашт. Аксаран, сокинон кӯмаки давлат ба пизишконро нокофӣ хонда, худ даст ба кор шуданд. Аз охири моҳи апрел, ки ҳукумат мавҷудияти коронавирусро тасдиқ кард, сокинон ба иқдомҳои ҷамъоварии кӯмак ба пизишкон оғоз карданд.

XS
SM
MD
LG