Додгоҳи Анқара дар иртибот ба қазияи ҳамдастӣ дар ташкили кудетои давлатии шаби 15 ба 16 июли соли 2016 121 нафарро маҳкум ба зиндони абад кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Анадолу" хабар додааст.
Бино ба ҳукми додгоҳ 86 нафар аз маҳкумшудаҳо давраи ҷазои худро дар утоқи низомаш сангин пушти сар мекунанд ва 35 нафари дигар берун аз утоқи низомаш сангин ба сар мебаранд.
Ҳамаи маҳкумшудаҳо ба ҷурми ташкили кудето барои ҳамла ба Ситоди пулиси Анқара айбдор шудаанд.
Шумораи умумии маҳкумшудаҳо ба ҳукми абад ба 1934 нафар баробар шудааст.