Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси аршади сиҳҳатӣ гуфт, ки вазъи  коронавирус дар ИМА ташвишовар аст


Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади  Пажӯҳишгоҳи миллии сиҳҳатии ИМА
Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади  Пажӯҳишгоҳи миллии сиҳҳатии ИМА

Мақомоти аршади бахши сиҳҳатии ҳукумати ИМА рӯзи 23 июн ба тамоюли ташвишовари афзоиши ҳодисаҳои коронавирус дар ин кишвар ишора карда гуфтанд, ки эҳтимоли боз ҳам бадтар шудани вазъ зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки талафоти инсонҳо дар паи ин вирус дар ИМА аз 121 ҳазор гузашт. Дар тақрибан нисфи иёлот болоравии ҳодисаҳои олудашавӣ мушоҳида мешавад ва афзоиши ҳолатҳои бистарӣ шудани беморон дар Техас, Аризона, Ҷорҷиа, Флорида ва дигар иёлот хатари афзоиши марги инсонҳоро ба вуҷуд овардааст. Доктор Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади Пажӯҳишгоҳи миллии сиҳҳатӣ дар ҷаласаи кумитаи Конгресс гуфт, ки ҳафтаи оянда “хеле муҳим хоҳад буд” ва гуфт, ки дар Техас, Аризона, Флорида ва дигар иёлот “мушкилоти ҷиддӣ” мушоҳида мешавад. Ҳамарӯза дар ИМА 30 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ба қайд гирифта мешавад, дар ҳоле, ки чанде пеш ин нишондод то 20 ҳазор ҳолат дар як рӯз кам шуда буд. Ин омор пешбиниҳо дар бораи эҳтимоли афзоиши олудагӣ дар паи сабук кардани тадбирҳои маҳдудкунанро тасдиқ мекунад. Фаучи аз мардум хост, ки издиҳом накунанд ва ниқоби тиббӣ бипӯшанд. Ӯ гуфт, “ИМА ҳанӯз дар миёнаҳои мавҷи аввали хуруҷи вирус қарор дорад”.

XS
SM
MD
LG