Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд нисфи кормандони сафорати Покистонро ихроҷ мекунад


Ҳукумати Ҳинд тасмим гирифтааст, нисфи кормандони сафорати Покистон дар Деҳлиро ихроҷ кунад. Ба гуфтаи мақомоти Ҳинд, дипломатҳои ихроҷшаванда бо ҷосусӣ машғул буда, бо "гуруҳҳои террористӣ" тамос доранд.

Ҳамчунин Ҳинд тасмим гирифтаст, ки шумораи кормандони сафорати худро дар Исломобод коҳиш диҳад. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Ҳинд аз 23 июн омадааст, ки ин қарорҳо бояд дар давоми ҳафт рӯзи оянда иҷро шаванд. Вазири умури хориҷии Покистон огаҳ карда шудааст.

Худи он рӯз Вазорати умури хориҷии Покистон иддаои Ҳиндро рад карда, гуфт, дипломатҳои ин кишвар ҳамеша дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои дипломатӣ фаъолият мекунанд. Дар натиҷа сафири Ҳинд дар Исломобод ба Вазорати умури хориҷии Покистон даъват ва огаҳ карда шудааст, ки ҳамчун иқдоми ҷавобӣ ҳайати кормандони сафорати Ҳинд дар ин кишвар низ кам карда мешавад.

Вақтҳои ахир муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду қудрати ҳастаӣ печида шуда, якдигарро ба боздошти ғайриқонунии дипломатҳо ва бархурди номуносиб бо онҳо айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG