Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуллаи “Озодӣ” “Сангғалтак” шуд, қуллаи “Корженевская” – “Озодӣ”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қароре номи ду қулларо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иваз кард.

Бар асоси қароре, ки 19-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, қуллаи “Корженевская”-ро “Озодӣ” ном гузоштаанд. Қулла 7105 метр баландӣ дорад ва соли 1910 аз сӯйи ҷуғрофидони рус Николай Корженевский фатҳ ва кашф шудааст. Вай ба хотири завҷааш Евгения Корженевская қулларо “Корженевская” ном гузошта буд.

Бо қарори дигар, ҳукумати Тоҷикистон номи қуллаи “Озодӣ”-ро дар Бадахшон ба “Сангғалтак” иваз намуд.

Ин қулла 6230 метр баландӣ дорад ва аз чоргонаи қуллаҳои баланд дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Барои сайёҳон ва кӯҳнавардон фатҳи қуллаҳо дастоварди чашмгире ба ҳисоб меравад ва аксарият қабл аз баромадан ба баландатарин қулла дар ҷаҳон Эверест ё Ҷамолунгма, ин қуллаҳоро дар Тоҷикистон фатҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG