Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон 17 низомии Афғонистон кушта шуд


Ҳамлаи Толибон дар Ҷузҷон. 17 июни соли 2020
Ҳамлаи Толибон дар Ҷузҷон. 17 июни соли 2020

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҷангҷӯёни Толибон субҳи содиқ дар шимоли кишвар 12 сарбози нозири як посгоҳро куштанд. Абдулмаъруф Озар, сухангӯи волии Ҷузҷон гуфт, ба иловаи ин кушташудаҳои субҳи 17 июн, панҷ нафар захмӣ ва чор сарбоз гаравгон гирифта шуданд. Ба иттилои ӯ, дар ин ҳодиса инчунин “панҷ узви Толибон кушта ва даҳ нафар захмӣ” шуданд.

Вазорати дифоъ ҳам ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки шаш сарбози кушташуда корманди ин вазорат буданд. Як сухангӯи Толибон гуфт, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш мегирад ва иддао кард, ки шумори воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст. Ӯ тафсилот надод.

Дар таҳаввулоти дигаре, ҷангҷӯён ба посгоҳи артиши миллии Афғонистон дар Кундуз ҳамла карда, панҷ сарбозро кушта бар ҷой гузоштанд. Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ, раиси полиси Кундуз гуфт, ки дар ин ҳодиса дастикам ҳафт нафар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол дар Ғазнӣ дар як таркиш чаҳор кӯдак куштаву се нафар маҷрӯҳ шуданд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар чанд ҳафтаи ахир дар натиҷаи 220 ҳамлаи Толибон 422 низомии Афғонистон кушта ё маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG