Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазфи "куштор" аз парвандаи муҳоҷирони гумонбар ба марги Чуев


Таҳқиқи парвандаи 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба марги варзишгари рус Сергей Чуев гумонбар ҳастанд, ба поён расидааст. Додситони ҳавзаи ҷанубу ғарби Маскав рӯзи 11-уми июн гуфт, онҳоро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Русия, аз ҷумла "авбошӣ", "таҳдид ба куштор" ва "латукӯб" муҳокима мекунанд. Қарор аст, мурофиа дар додгоҳи Зюзинскии шаҳри Маскав гузарад. Ба ҷуз аз як нафар, гумонбарони дигар иттиҳомро напазируфтаанд.

Дар моҳи ноябри соли 2019 гуфта мешуд, ки онҳо ба "куштор бо маслиҳати пешакӣ" ва "авбошӣ" муттаҳаманд. Вакили мудофеи яке аз гумонбарон гуфт, ҳангоми тафтиши қазия моддаи куштор бо маслиҳати пешакӣ исбот нашудааст.

Бино ба хулосаи тафтишот, шаби 8-уми июни соли 2019 дар ҳудуди боғи Ландшафтнии минтақаи Бутовои Ҷанубии шаҳри Маскав "гумонбарон тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, бо алфози қабеҳ шаҳрвандонро озор доданд…"

"Дар посух ба таъкиди як марди барои онҳо ношинос дар бораи он ки кирдорҳои ғайриқонунии худро хотима диҳанд, вориди баҳс шуда, ба сару тани ҷабрдида осеб расониданд ва дар натиҷа ӯ ба об афтод. Дар ҳамон ҳолат ҳам латукӯби ӯро идома доданд ва дар натиҷа ӯ дар об ғарқ шуд", - омадааст дар хулосаи тафтишот.

Додситонии Русия дар идома гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон "ба ҷабрдидаҳои дигар таҳдиди марг карда, нисбат ба се тан ва як ноболиғ кирдорҳои хушунатомез анҷом доданд".

Гумонбарон - Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, як сол инҷониб дар боздошт ба сар мебаранд.

Игор Кайдан, вакили мудофеи Неъматҷон Бобоев, рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз аз Туфалангов ҳеч яке аз гумонбарон иттиҳоми тафтишотро эътироф намекунанд. Кайдан гуфт, пешбиниаш ин аст, ки додгоҳ гумонбаронро маҳкум мекунад, вале тағйири иттиҳом ё моддаҳои парвандаро аз ҷиноятҳои дараҷаи сангин ба миёна то андозае хабари хуб арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, дар ҷараёни тафтишот иттиҳоми аввали “куштор бо маслиҳати пешакӣ” беасос баромад ва тафтишот моддаҳоро иваз кард. Айни замон, ба андешаи ӯ, моддаи “дониста расонидани зарари сангин, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, ба хотири нарехтани обрӯи тафтишот аст” ва “вакилони дифоъ талош хоҳанд кард дар ҷараёни мурофиа ин иттиҳомро ҳам ботил кунанд”.

Аз Кайдан пурсидем, то куҷо тафтишот одилонаву мунсифона ҷараён гирифт, ӯ гуфт, "уфаттишон талош мекарданд ҳар дафъа ба як парвандаи ҳангомасоз ва мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа будани он таъкид кунанд ва ин чиз ба кори онҳо таъсиргузор шуд”. Феълан, тибқи пешбиниҳои вакили дифоъ, бар асоси чаҳор иттиҳоми зикршуда ба шаҳрвандони Тоҷикистон “эҳтимол то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад”.

Илова ба ин, дӯстдухтари Сергей Чуев гуфтааст, ба унвони ҷуброни маънавӣ аз ҳар як гумонбар 1 миллион рублӣ талаб хоҳад кард.

Игор Кайдан мегӯяд, парванда рӯзи душанбе ба додгоҳ фиристода мешавад ва ҳоло маълум нест, ки санаи шурӯи мурофиа кай аст. Мӯҳлати дар боздошт мондани гумонбарон то 28-уми июн муқаррар шудааст. То охири моҳи июн дар боздоштгоҳҳои Русия карантини вобаста ба пандемияи коронавирус амал мекунад.

Полис беҷазо мемонад?

Боздошти гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2019 на танҳо дар робита бо марги мармузи варзишгари рус мавриди таваҷҷӯҳи расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Аксҳои рӯ ба девор ва шимҳои даридаву танҳои нимурёни гумонбарон, ки зоҳиран аз ҷониби ходимони полис гирифтаву дар Интернет нашр шуданд, вокунишҳои зиёд ба дунбол дошт.

Дар Тоҷикистон бисёре аз корбарон ба ин таъкид карданд, ки ҳатто дар ҳолати гунаҳкор будани онҳо полис ҳақ надорад бо гумонбарон чунин рафторро раво бинад. Игор Кайдан гуфт, ба иттилои ӯ ходимони полиси ноҳияи Зюзинский дар ин кор даст доранд, "вале мақомот қазияро рӯйпӯш карда, барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо роҳ надоданд".

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ба чунин амалкарди ходимони полис эътироз карда, ду дафъа ба Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристод ва талаб кард, омилони ҳодисаро ба ҷавобгарӣ кашанд. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар посухи ВКХ ва хулосаҳои Думаи Давлатии Русия ваъда шудааст, нисбат ба ин қазия таҳқиқ ва ходимони полис ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Мо аз дархости худ намегардем ва такроран талаб мекунем, ки ҷавобгар шаванд. Қазия таҳти назорати мо аст", - гуфт сафир.

Аксар фаъолони ҳуқуқ рафтори полиси Русияро нисбат ба муҳоҷирон "масъалаи мавриди нигаронӣ" меноманд ва мегӯянд, аз як тараф беҷазо мондани маъмурони полис ва аз сӯйи дигар ҳақталош набудани муҳоҷирон ба ин вазъият сабаб шудааст.

Вебсайти "Фарғона" соли 2019 бо такя ба иттилои Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия гуфт, ки дар зиндонҳои ин кишвар 14 ҳазор нафар аз Осиёи Марказӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва аксари онҳо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, куштор ва ғоратгарӣ зиндонӣ шудаанд. Ҷинояти содиркардаи ин гурӯҳ 2,6 дарсади кулли қонуншиканиҳоро дар Русия ташкил медиҳад.

Соли 2018 вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна соле на кам аз 6 ҳазор ҷиноят содир мекунанд ва дар зиндонҳои ин кишвар то соли 2019 тахминан 7 ҳазор тоҷикистонӣ нигаҳдорӣ мешуд. Вале бархе аз онҳо шикоят мекунанд, ки иттиҳоми онҳо беасос буд, мавриди тӯҳмат қарор гирифтаанд ва мурофиаи додгоҳӣ ноодилона сурат гирифтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG