Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар рӯйи бетон хобанд." Ду моҳ интизории муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон. ВИДЕО, САДО


Акс аз навори телевизиони Остона
Акс аз навори телевизиони Остона

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти бозгашт ба ватан чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистони Ҷанубӣ ва Узбекистон, дар 800-километрии шаҳри Алмато, дармондаанд.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон ва маркази ҳуқуқии "Сана сезим" дар Қазоқистон, дар посгоҳи марзии Жибек Жолии вилояти Туркистон 187 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Ин гузаргоҳ бо вилояти Тошканди Узбекистон ҳаммарз аст.

Ҳарду кишвар бо сабаби пандемияи коронавируси нав дар шароити ҳолати фавқулода ба сар мебаранд ва марзҳо бастааст.

Дар миёни муҳоҷирони дармонда дар марз, аз ҷумла 17 кӯдак ва 14 зан ҳастанд.

Раҳим Шагнамов, корманди консулгарии Тоҷикистон дар Алмато, рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯву котиби сеюми сафорат "шабонарӯзӣ дар назди мардум дар гузаргоҳи марзии Жибек Жолӣ ҳастанд".

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон "ду моҳ пеш" ба гузаргоҳи марзӣ омада, дармонданд ва дигарон тадриҷан "се-чаҳорнафарӣ" ҳафтаҳои охир дар инҷо ҷамъ шуданд.

Ба гуфтаи масъулон, мардуми дармонда ду моҳ пеш бо умеди убури ҳарчи зуди марз дар оғози пандемия омаданд, вале дер карданд.

Раҳим Шагнамов гуфт, бисёре аз муҳоҷирони дармонда аз Русия омадаанд: "Ин гузаргоҳи марзӣ аст. Жибек Жоли. Онҳо ҳама зери шипанг (навес) дар болои бетон хобанд". Ӯ гуфт, дар байни онҳо "ягон кас бемор нест".

Ба суоли ин ки оё онҳоро чӣ гуна бо ғизову муҳимоти зарурӣ таъмин мекунанд, гуфт: "Ғизоро соҳибкорон меоранд, ҳукумат бо об таъмин кардааст. Созмони “Сана сезим” се дафъа ёрӣ овард: аввал ниқобу маҳлули зиддисептикиву санитарӣ, баъд обу ғизо ва ба кӯдакон қанду шириниву мева."

Дастандаркорон мегӯянд, вазифаи аввал ҳалли масъалаи интиқоли мардум ба Тоҷикистон аст, ки бояд бо мувофиқаи ҳукумати се кишвар – Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ҳал шавад.

Шаҳноза Ҳасанова, корманди созмони ҷамъиятии “Сана сезим” аст, ки бо ёрии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон ба муҳоҷирони бандмондаи тоҷик кумак кардааст. Ӯ мегӯяд, дар бораи ин ки оё касе аз ин муҳоҷирони дармонда бемор аст ва ё коронавирус ба онҳо сироят кардааст, иттилое надорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, гармӣ 40 дараҷа аст ва ҳама интизоранд, ки масъалаи интиқоли онҳо базудӣ ҳал мешавад.

"Аз забони онҳо шунидем, ки ҳукумати маҳаллӣ, сокинони атроф ҳам ёрӣ мекунанд. Касе ғизо, касе кӯрпача меорад. Мо ёрии башардӯстона кардем ва ба хотири роҳ надодан ба эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар рӯзи аввали сафарамон маводи тиббии санитарӣ бурдем. Вале ин мардум ҳар лаҳза интизоранд, ки автобусҳо омада, онҳоро мебаранд”.

Шаҳноза Ҳасанова гуфт, дар посгоҳи марзии Жибек Жоли намояндагони консулгарии Узбекистон ҳам кор мекунанд ва онҳо ҳам ба шаҳрвандонашон мутобиқ бо муқаррароти давраи пандемия ёрӣ мерасонанд.

Созмону ниҳодҳои огоҳ аз мушкили муҳоҷирони дармонда мегӯянд, дар чунин шароит дар баробари иҷозаи махсус, мисли боз кардани долони амни ҳаракати автобусҳо, худи нақлиётро низ бояд ташкил кард.

Зейнал Ҳоҷиев, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) дар умури Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон гуфт, ҷудо аз ёрии башардӯстона дафтари онҳо мавзӯи муҳоҷирони дармондаи тоҷикро бо Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон дар миён гузошт.

"Ин хадамот ба онҳо пешниҳод кард, ки дар як маҳалли дуртар ба хаймаҳо бикӯчанд, вале муҳоҷирон инро рад карданд. Онҳо хостанд, ки дар марз интизор монанд. Рӯзи ҷумъа ман бо сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон гап задам, ӯ гуфт, ки дар сатҳи ҳукуматҳо машварат ҷараён дорад, то Узбекистон ба онҳо долон фароҳам бикунад. Мо таъмини автобусҳоро барои интиқоли муҳоҷирон то вилояти Суғд ба дӯши худ мегирем. Албатта, ин кор осон нест, чунки бояд автобусҳои махсус ва дорои шароит ва ҳам ҷавобгӯ дар ҳолати пандемияи COVID-19 таъмин шаванд, то ки сиҳҳатии мардум мавриди ҳимоят қарор бигирад", - шарҳ дод ӯ.

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марз бо Узбекистон чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Ба саволи ин ки чаро масъалаи интиқоли мардум чунин тӯл кашид ва то ҳол натавонист ҳалли худро ёбад, Зейнал Ҳоҷиев гуфт, "ин масъалаҳо ҳамоҳангии се кишварро тақозо мекунад".

Вай афзуд, дар давраи пандемия онҳо шоҳиди ба истилоҳ "муҳоҷирони дармонда" (stranded migrants) мешаванд, ки бо амри шароит бо сабаби набуди кору пул ва ҷои зист саргардон мешаванд.

"Бар асоси иттилои ахире, ки мо аз хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон гирифтем, чунин муҳоҷирон дар ин кишвар тахминан 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Инҳо на ҳамаашон дар марз ҳастанд, дар шаҳрҳои калон ҳастанд, онҳо интизоранд, ки марз боз мешаваду мекӯчанд. Он қишр ба ҳар ҳол ҷои зист дорад. Мо ба ин гурӯҳ ҳам ёрӣ мекунем”, - гуфт Ҳоҷиев.

Яке аз онҳо, Абдухалил Ҳабибов, сокини 22-солаи ноҳияи Нуробод, рӯзи 1-уми июн аз шаҳри Қостанаи Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, оғози моҳи феврал барои кор дар бозори маҳаллӣ омад, вале бо сабаби пандемия бекор монд. Ӯ ва ду ҳамроҳи дигараш ҳоло дар як манзили иҷора монда, мунтазири боз шудани роҳҳо ба Тоҷикистонанд.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувум барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон баъд аз ду моҳи баста будани марз бар асоси мувофиқа бо кишварҳои хориҷӣ ахиран дар чанд парвози чартерии ҳавопаймоҳо шаҳрвандони дармондашро аз Русияву Туркия, Ҳинд ва Имороти Муттаҳидаи Араб баргардонид. Ин афрод низ давоми ду моҳ дармонда буданд.

Бар асоси иттилои ВКД-и Қазоқистон, оғози соли 2020 дар ин кишвар 1,1 миллион шаҳрванди кишварҳои ИДМ (СНГ) ба қайд гирифта шуданд, ки асосан бо ҳадафи кор ба ин кишвари ғанӣ аз нафту газ рафтаанд. Бар асоси созишномаи муҳоҷирати кори Тоҷикистону Қазоқистон, соле беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи кор бар асоси квота дар ин кишвари Осиёи Марказиро доранд, вале ба бовари коршиносон, шумори воқеии шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG