Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикобод раиси нав таъйин кард


Фармони Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми май имзо шудааст.
Фармони Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми май имзо шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон Қадриддин Фақерзодаро раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин кардааст. Раиси пешини ин ноҳияи кӯҳистонӣ Ғайратшо Маҳмадшоҳзода рӯзи 23-уми май даргузашт.

Бино ба гузоришҳо, ӯ ба бемории роҳҳои нафас гирифтор шуда буд ва маросими дафнаш дар доираи маҳдуде ва бо риояти меъёрҳои дафни қурбониёни бемории СОVID-19 сурат гирифтааст. Фармони раиси ҷумҳур дар бораи таъйини раиси нави Тоҷикобод рӯзи 23-уми май дар саҳифаи расмии президенти Тоҷикистон нашр шуд.

XS
SM
MD
LG