Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 дар Тоҷикистон. 44 нафар фавтида, беш аз 1000 кас сиҳат шудаанд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 210 каси дигар ба COVID-19 гирифтор шудаанд ва рӯзи 21-уми май шумори умумии беморон ба 2350 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон 1008 кас аз ин беморӣ шифо ёфта, 44 нафар ҷон бохтаанд.

Аммо бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" беш аз 290 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Мавҷудияти ин номгӯй далели он аст, ки оморӣ расмии давлат зери шубҳа гузошта мешавад. Мақомот мавзуъро шарҳ намедиҳанд, аммо дастрасӣ ба рӯйхати ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст. Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот хостааст, маълумотро дар бораи шумораи беморон ва фавтидагон пинҳон накунанд.

Дар рӯзҳое, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуфт, ҳеч кас аз ин беморӣ нафавтидааст, корбарони зиёде аз даргузашти наздикону ҳамкорони худ хабар додаанд. Як мушкил дар миён аст, ки мақомоти тандурустӣ қисми зиёди беморон ва фавтидагонро на гирифторони COVID-19, балки беморони илтиҳоби шуш мешуморад.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки то 21-уми май дар шифохонаҳои саросари кишвар 3253 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар шабонарӯзи гузашта беш аз 600 касро, "пас аз шифо ёфтан", ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.

Вале мушаххас нест, ки ин афрод бо нишонаҳои коронавирус ё гумони гирифторӣ ба он бистарӣ ҳастанд, ё маризии дигар.

Ҳамчунин мақомот чанд муддат боз иттилоъ намедиҳанд, ки сатҳи паҳншавии коронавирус дар минтақаҳои кишвар чӣ гуна аст. Дар гузоришҳои рӯзҳои аввал гуфта мешуд, шумори бештари мубталоён дар Душанбеву Суғд ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ҳастанд.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Туркманистон ҳанӯз иддао дорад, ки аз бемории ҳамагир орӣ аст.

Ҳоло Тоҷикистон бо 44 талафот аз рӯйи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар минтақа дар ҷойи аввал аст. То 21-уми май дар Қазоқистон 35, дар Қирғизистон 14 ва дар Узбекистон 13 кас аз COVID-19 фавтидаанд.

Дар Қазоқистон 7234, дар Узбекистон 2950 ва дар Қирғизистон 1313 гирифтори коронавируси наванд.

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, рӯзи 12-уми май гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва табобати беморон меандешад.

Коронавируси нав, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун ба беш аз 5 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, беш аз 300 ҳазор касро куштааст. Тақрибан ду миллион нафар аз он шифо ёфтаанд.

Бархе аз кишварҳо маҳдудитяҳои ҷоришударо барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав сабуктар карда, дари тарабхонаву фурушгоҳҳоро боз намудаанд. Кишварҳое дигаре ба монанди Тоҷикистон ҳанӯз бо он дастбагиребонанд.

XS
SM
MD
LG