Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Халилзод ҳама ҷонибҳоро ба коҳиши хушунатҳо даъват кард

Залмай Халилзод дар мулоқот бо мақомоти баландпояи Афғонистон. 21 май, Кобул

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод коҳиши хушунат “аз ҷониби ҳама тарафҳо”-ро тақозо кард ва гуфт, ки ҷабри ҷангро мардуми бегуноҳ мекашад. Рӯзи 20 май баъди мулоқоту гуфтугӯ бо Толибон дар Давҳа Халилзод ба Кобул рафт. Сафари ӯ дар шароите баргузор мешавад, ки шиддати хушунатҳо дар кишвар кам намешавад ва ин ҳолат созиши сулҳи миёни ИМА ва Толибонро, ки охири моҳи феврал имзо шуд, таҳти хатар мегузорад. Халилзод дар Твиттер навишт, ки раҳбарони Толибон ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ тааҳҳуд карданд. Ӯ гуфт, ки ба Толибон гуфтааст бояд хушунатҳо камтар шавад. Ӯ гуфт, “мардуми бегуноҳ хеле зиёд ва муддати дароз аст, ки ҷабри ин ҷангро мекашанд”. Дар ҳамла ба ду масҷид рӯзи 20 май дасти кам 14 нафар кушта шуданд. Толибон гуфтанд, ки дар ин ҳамла даст надоранд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон ба кишварҳои африқоӣ фиристода мешаванд

Посдорони сулҳ аз Қазоқистон.

Порлумони Қазоқистон ирсоли неруҳои посдори сулҳи ин кишварро дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ иҷозат дод.

Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки неруҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.

"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон бар ин назар аст, ки афзоиши теъдоди неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд", - гуфт Жаксиликов.

Ба иттилои вазорати мудофиаи он кишвар, шуруъ аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд. Ҳамчунин шуруъ аз соли 2018 дар доираи "Неруҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо қонунӣ шуд

Эътирози мухолифони бозшавии қиморхонаҳо дар Қирғизистон.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонунҳоеро имзо кард, ки бозшавии дари қиморхонаҳоро барои хориҷиҳо иҷозат медиҳанд.

Ҷабборов рӯзи 30 июн қонун "Дар бораи тиҷорати бозӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон" ва "Дар бораи тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаи тиҷорати бозӣ"-ро имзо кардааст.

Дар сомонаи расмии президенти Қирғизистон омадааст, ки қонунҳо барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба буҷа имзо шудаанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷии то синни 21, инчунин шаҳрвандони дорои имкониятҳои маҳдуд иҷоза надоранд, ки ба ҳайси муштарӣ ба қиморхонаҳо ворид шаванд.

Ҳаҷми андоз аз як мизи бозӣ дар соли 2022 750 ҳазор сом ва дар соли 2023 як миллион сомро ташкил хоҳад дод.

Қонуни мазкурро порлумони Қирғизистон ҳафтаи гузашта қабул кард. Баъди қабули қонун бархе аз сокинони Қирғизистон эътироз карданд ва аз президенти он кишвар хостанд, ки қонун дар бораи қиморхонаҳоро имзо накунад.

Нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистонро ба кишварҳои африқоӣ мефиристанд

Нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистон. Алмато, соли 2018

Порлумони Қазоқистон иҷоза дод, ки нерӯҳои посдори сулҳи ин кишвар дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ фиристода шаванд.

Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон, гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.

"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон ба ин назар аст, ки афзоиши теъдоди нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд," -- гуфт Жаксиликов.

Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд.

Ҳамчунин аз соли 2018 дар доираи "Нерӯҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.

Дар Узбекистон нархи газу барқро боло намебаранд

Таърифаҳои истифода аз газу барқро дар Узбекистон дигар намекунанд. Дар ин бора масъулони Вазорати энержии Узбекистон рӯзи 29-уми июн хабар доданд.

Пештар мақомоти он кишвар мегуфтанд, аз 1-уми июл арзиши газу барқ гаронтар мешавад.

Вазорати энержии Узбекистон гуфт, бештар аз ҳазор сокини он кишвар дар робита ба тағйирёбии таърифаҳо шикоят кардаанд. Ин муроҷиатҳо айни замон аз сӯи вазорати энержӣ, молия ва рушди иқтисодӣ омӯхта мешаванд.

"Баъди пешниҳоди хулосаи ин вазоратҳо ва пешниҳоди коршиносон дар робита ба гароншавии нархи газу барқ тасмим гирифта хоҳад шуд", - омадааст дар хабари Вазорати энержии Узбекистон.

СММ куштори сокинони осоиштаро дар 30 шаҳри Украина тасдиқ кард

Буча, Украина

Маъмурияти назоратии Раёсати Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон рӯзи 29-уми июн гузоришеро дар бораи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ҷанг дар Украина нашр кард. Ин гузориш вазъро аз 24-уми феврал то 15-уми майи имсол дар бар мегирад.

Дар ин давра коршиносони СММ марги 3924 ва маҷруҳшавии 4444 сокини осоиштаро сабт кардаанд. Мумкин аст, рақамҳои воқеӣ бештар аз оне бошанд, ки дар гузориш сабт шудааст.

Маъмурияти назоратии Созмони Милал дар ин давра дар бораи куштори бештар аз 300 сокини осоишта дар зиёда аз 30 шаҳри Украина иттилоъ ёфтааст. Маъмурият мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин кушторҳо аз сӯи низомиҳои Русия сурат гирифтааст.

СММ ҳамчунин дар бораи 108 мавриди таҷовуз ба номус иттилоъ ёфтааст. Дар 23 ҳолат таҷовузи дастаҷамъӣ сурат гирифтааст.

“Қисми бештари ин ҷиноятҳо (87 ҳолат) аз сӯи низомиҳои Русия анҷом шуда, як ҷисми дигарро низомиҳои украинӣ содир кардаанд,” -- омадааст дар гузориши СММ.

Моҳи июл ҳаво дар Тоҷикистон гармтар хоҳад шуд

Хатлон, акс аз соли 2018

Мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли тасфидан ё хеле гарм шудани ҳаво дар моҳи июл хабар доданд.

Ба иттилои масъулони Оҷонси обу ҳавосанҷӣ, гармии ҳаво дар моҳи оянда дар Душанбе то 44 дараҷа хоҳад расид. Дар вилояти Хатлон дар ин моҳ ҳаво то 45 дараҷа метасфидааст.

Ҳамин тавр, минтақаи шимоли кишварро ҳам моҳи июл як дараҷа гармии бештар аз меъёри миёна интизор аст.

Дар зимн, ҳаво дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир бисёр гарм аст. Мутахассисон ба шахсони бемор ва кӯдакону наврасон ва солмандон тавсия додаанд, ки бе зарурат аз хона набароянд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, сокинон ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳили кӯлу рӯдхонаҳо қоидаи бехатариро риоя кунанд.

Дар ду кишвари ОМ чораҳои зидди COVID сахттар мешавад

Акс аз бойгонӣ

Дар пайванд ба афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар 12 ноҳияи шаҳри Тошканд марказҳои махсуси тиббие фаъол мешаванд, ки барои мубориза бо COVID-19 сохта шудаанд. Дар ин бора масъулони Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон рӯзи 29-уми июн хабар доданд.

"Вазифаи асосии ин муассисаҳо, ки шабонарӯз фаъолият мекунанд, ошкор кардани беморӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва табобати онҳо аст", - омадааст дар хабари вазорат.

Ҳафтаи охир ҳамарӯза дар Узбекистон қариб 100 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Дар Қазоқистон низ теъдоди гирифторон меафзояд. Ералӣ Тугжанов, ноиб-сарвазири Қазоқистон гуфт, мумкин аст, дар он кишвар истифода аз ниқоби тиббӣ дубора ҳатмӣ шавад.

Айни замон дар Қазоқистон ҳамарӯза то 100 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Ҳалокати 238 кас дар ҳодисаҳои Қазоқистон

Алмато, моҳи январи 2022

Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон 232 кас ҷон бохта, шаш нафар дар натиҷаи шиканҷа ҳалок шудаанд. Дар ин бора Асет Чиндалиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Чиндалиев афзуд, ба гумони шиканҷа кардани боздоштшудаҳои ҳодисаҳои моҳи январ 9 корманди мақомоти қудратӣ дастгир шудаанд.

Аз ин шумора 8 нафар корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва як тан пулис ҳастанд. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар умум 15 касро дар истифодаи шиканҷа гумонбар мекунанд.

Пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ 230 тан фавтидааст.

То кунун рӯйхати пурраи фавтидаҳои ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон нашр нашудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 5-уми июн ваъда дод, ки рӯйхат нашр карда мешавад.

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон телефонӣ суҳбат кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июн бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Мақомот гуфтанд, суҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифт. Дар Бишкек дар ин бора ишорае накардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ду тараф масъалаҳои марбут ба муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки “ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст”, идома диҳанд.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон низ ба ин монанд иттилоъ дод.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз як сол аст, ки ба сабаби ҷангу хунрезӣ дар марзи аломатгузориношудаи ду кишвар робитаҳои хуб надоранд.

CPJ хост, мақомот озори хешони Анора Саркороваро бас кунанд

Анора Саркорова

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озору азияти Анора Саркорова, хабарнигори мустақили тоҷик хотима диҳанд ва бигузоранд, то матбуот масоили ҳассосро озода инъикос кунад.

Дар баёнияи ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон, ки рӯзи 29-уми июн нашр шуд, омадааст, азияту озори хешовандони Анора Саркорова ва фишор ба онҳо барои фош кардани манобеи худ, як “қадами нигаронкунандаи дигар барои роҳ надодан ба инъикоси мустақилонаи ҳодисаҳои Бадахшон аст”.

Рӯзи 27-уми июн мақомоти интизомӣ модари 68-сола ва бародари Анора Саркороваро, ки нооромиҳоро дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста инъикос мекард, аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Анора Саркорова гуфт, мақомот аз ин роҳ мехоҳанд, ба ӯ фишор биёранд, то дар бораи қонуншиканиҳо дар Бадахшон нанависад.

Анора Саркорова то соли 2018 хабарнигори бахши русии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд ва барои фаъолияти хабарнигорӣ ва инъикоси бетарафонаи таҳаввулот, аз ҷумла ҳодисаҳои Бадахшон, дигар аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуд.

НАТО Русияро “хатари сахттарин ва мустақим” номид

Мадрид, 2022

Паймони низомии НАТО Русияро бинобар ҳамлаи бедалелаш ба Украина “хатари сахттарин ва мустақим” ба аъзои худ номид.

Раҳбарони кишварҳои узв рӯзи 29-уми июн дар Мадрид ҷамъ омаданд, то ба гуфтаи дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, ба бузургтарин буҳрон пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум мубориза кунанд.

Эъломияи НАТО нишон медиҳад, ки чӣ гуна таҳоҷуми Русия ба Украина низоми амниятии Аврупои пас аз Ҷанги Сардро ба ҳам задааст.

Аъзои НАТО ҳамчунин ваъда доданд, ки “ҳимояти сиёсӣ ва амалӣ” ба Украинаро дар истодагарӣ алайҳи Русия тақвият мебахшанд.

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, дар муроҷиати видеоӣ ба раҳбарони кишварҳои узв хост, ба Украина аслиҳаи муосир бидиҳанд ва барои шикаст додани Русия мадади молии бештар кунанд.

"Муҳлати ҳабси маъмурияш тамом шуд, аммо раҳо накарданд"

Ӯ дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги бознишастаи амният, гуфтанд, "10 рӯз ҳабси маъмурии ӯ ба поён расид", аммо мақомот натанҳо раҳо накарданд, балки намегӯянд, дар чӣ вазъ аст.

Мавлоназаров, ки солҳои охир амалкарди мақомоти қудратиро танқид мекард, рӯзи 16-уми июни имсол дар хонааш дар Душанбе дастгир шуд. Мақомот аз он замон то ҳоло сабаби боздошт ва иттиҳоми зидди ӯро нагуфтаанд.

Яке аз хешовандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "азбаски вакили мудофеъ надорад, намедонем, бо ӯ чӣ мегузарад. Мақомот ба вохӯрии наздикон ва бахусус ҳамсараш иҷоза намедиҳанд."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки ба далели амниятӣ нахост, номаш фош шавад, онҳо "ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ либосу хӯрок мебаранд".

Мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии пойтахт дар робита ба қазияи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) изҳори назар намекунанд.

Муҳаммади Султон 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз он пеш, дар солҳои 70-ум, дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" фаъолият дошт.

Солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук назари худро дар пайванд ба кори мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон менавишт ва раҳбарони онҳоро сахт танқид мекард. Зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.

Русия ба муҳоҷирони тоҷик нафақа медиҳад

Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Думаи давлатии Русия созишнома дар бораи тақсими нафақа миёни Тоҷикистону Русияро тасвиб кард. Ҳамакнун баъди имзои ин санад аз сӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, нафақа дода мешавад.

Ин санад моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе имзо шуда, моҳи апрел порлумони Тоҷикистон онро қабул кард. Аммо додани нафақа барои муҳоҷирон як шарти асосӣ дорад.

Дилмурод Давлатзода, сардори Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ду моҳ қабл дар ҷаласаи порлумон гуфта буд, аз ин пас Русияву Тоҷикистон вазифадор хоҳанд шуд, ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави ду кишвар кор кардаанд, нафақа бидиҳанд. Ӯ афзуд, талабот барои ҳарду кишвар ин аст, ки шаҳрвандон собиқа ё пешинаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ дода бошанд.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик гуфта буданд, ки солҳо дар Русия ба таври расмӣ кор карда, молиёт супурдаанд, вале ҳанӯз намедонанд, ки ба онҳо нафақа дода хоҳад шуд ё не. Вале дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд, вале ё фаъолияташон расмӣ набудааст ва ё андози иҷтимоӣ насупурдаанд.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Муҳоҷирон борҳо нигаронӣ кардаанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд ва дар вақти бознишаста шудан нафақаи онҳо дар ватан чӣ мешавад.

Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълом шуд

Шаҳри Хива.

Ҷаласаи XI Созмони ҳамкориҳои исломӣ шаҳри Хиваи Узбекистонро "Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом" эълом кард. Дар ин бора вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон хабар дод.

Дар ин ҷаласа барои барқарории симои таърихии Хива, сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва дигар меҳмонхонаву навгониҳо тасмим гирифта шудааст.

Дар доираи пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълом шудан дар Хива ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони муассисаҳои сайёҳии 57 кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, конфронсҳои илмӣ, намоиши аксҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор хоҳад шуд.

Барои соҳиби унвони "Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом" шудан панҷ шаҳр: Абу-Дабӣ, Шанлиурфа (Туркия), Лагос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) ва Хива (Узбекистон) талош мекарданд.

Амрико як ширкати узбекистониро барои тиҷорат бо Русия таҳрим кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

ИМА ширкати "Promcomplektlogistic"-и узбекистониро шомили рӯйхати таҳримҳо кардааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 28--уми июн хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА мегӯяд, "Promcomplektlogistic" ба ширкати "Радиавтоматик"-и Русия барои давр задани таҳримҳо кӯмак ва микросхема фурӯхтааст.

Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии ИМА омадааст, ки таҳрими ширкати узбекистонӣ ҳушдор ба ҳамаи ширкатҳои дигар дар саросари дунё аст. "Агар шумо бо шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеие тиҷорат мекунед, ки таҳти таҳримҳо қарор доранд, дониста бошед, шумо ҳам ба рӯйхати таҳримҳо ворид мешавед", - омадааст дар хабар.

Ҳамакнун ҳамаи дороиҳои ширкати "Promcomplektlogistic" дар ИМА ҳабс мешаванд ва ширкатҳои амрикоӣ бо "Promcomplektlogistic" тиҷорат намекунанд.

Ширкати "Promcomplektlogistic" соли 2018 сабт шуда, ба хидматрасонии заминӣ машғул аст.

Соҳиби ин ширкат, ки дар шаҳри Тошканд сабт шудааст, Олег Грабилин мебошад. Грабилин дар Русия чанд ширкати дигар доштааст.

Шикояти Украина: Русия ба ғайринизомиён ҳамла мекунад

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо

Украина алайҳи Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурда, Маскавро дар мудохилаи низомӣ ва ҳамлаҳои ҳадафмандона ба ғайринизомиён муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи матбуотии додгоҳи Страсбург гуфтаанд, шикояти Киевро рӯзи 23-юми июн пазируфтанд ва шаби 28-уми июн ба додрасҳо супурданд. Ба иттилои манбаъ, ҷониби Русияро дар ин маврид огоҳ кардаанд.

Дар шикоятнома Русия ба нақзи оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқи башар дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина муттаҳам мешавад. Ба иддаои Киев, сарбозони рус ҳазорон ғайринизомиро куштаву захмӣ карда, садҳо манзили маскуниро хароб намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11-уми июн тарҳи қонунеро имзо кард, ки ба иҷро накардани қарорҳои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо таъкид мекунад.

Раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Агора” Кирилл Коротеев мегӯяд, ин лоиҳаи қонун хилофи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аст.

Бар асоси ин санад, Русия муваззаф аст ҳукмҳои ниҳоии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро вобаста ба ҳар парвандае, ки тараф ба ҳисоб меравад, бечунучаро иҷро кунад.

Дар Қазоқистон бештар аз 100 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 110 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Аз 110 ҳолат 56 маврид дар шаҳри Алмато ва 29 ҳолати дигар дар шаҳри Нурсултон сабт шудааст. Ҳолатҳои боқимонда ба шаҳру ноҳияҳои дигари Қазоқистон рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки бори охир дар Қазоқистон дар моҳи март бештар аз 100 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд

Дар маҷмуъ дар Қазоқистон 1 миллиону 306 ҳазор ҳолати гирифторӣ сабт гардидааст.

Туркия, Шветсия ва Финландия дар мавриди НАТО ба созиш расиданд

Мадрид

Туркия, Шветсия ва Финландия дар пайи музокирот дар шаҳри Мадрид созишномаи амниятӣ бастанд, ки раванди пайвастани онҳоро ба НАТО ҳамвор мекунад. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт.

Дафтари президенти Финландия Саули Ниинистё гуфтааст, қадамҳои мушаххас барои шомил шудани Финляндия ва Шветсия ба НАТО аз ҷониби муттаҳидон давоми ду рӯзи оянда мувофиқа мешаванд.

Дафтари раисиҷумҳури Финландия ҳамчунин эълом кард, Туркия дар нишасти ин ҳафта дар Мадрид аз узвияти Финландия ва Шветсия дар НАТО ҳимоят мекунад. Дафтари президенти Финландия тасдиқ кард, ки Ҳелсинки, Стокҳолм ва Анкара вазифадор мешаванд, дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ҳамдигарро комилан дастгирӣ намоянд.

Маъмурияти президенти Туркия иброз доштааст, Шветсия ва Финландия уҳдадор шудаанд, ки Ҳизби Коргарии Курдистон ва дигар созмонҳоеро дастгирӣ накунанд, ки Анкара террористӣ мешуморад.

Йенс Столтенберг дар пайи ин мулоқот гуфт, ба узвияти паймон шомил шудани Финландия ва Шветсия мухолифи он чизест, ки Владимир Путин, президенти Русия талош мекард.

«Ассошиэйтед Пресс» бо истинод ба як мақоми баландпояи маъмурияти Амрико хабар медиҳад, Иёлоти Муттаҳида дар ивази тасмими Анкара барои лағви эътирозаш ба даъвати Шветсия ва Финляндия ба НАТО ба Туркия ҳеч ваъдае надодааст.

Байден: ИМА ҳузури низомияшро дар Аврупо тақвият мебахшад

Ҷо Байден ва Йенс Столтенберг. Мадрид, 29-уми июни 2022

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бинобар таҳдидҳое, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина сарчашма мегиранд, Иёлоти Муттаҳида ҳузури низомии худро дар Аврупо тағйир хоҳад дод. Дар ҳоле ки Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 29-уми июн аз ӯ дар нишасти сарони ин эътилофи низомӣ истиқбол кард, Байден гуфт, Амрико шумораи киштиҳои ҷангии худро дар Испания аз 4 ба 6 афзоиш хоҳад дод. Вай афзуд, барои сипоҳи панҷуми Артиши Амрико дар Лаҳистон як қароргоҳи доимӣ таъсис хоҳанд дод ва ду искадрони ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 дар Бритониё. Раиси ҷумҳури Амрико илова кард, ки имрӯз аз ҳар замони дигар ба ин эътилоф ниёз аст ва афзуд, НАТО дар ҳама ҷабҳаҳо - заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ тақвият хоҳад шуд.

Интиқоди корбарони украинӣ аз зиёфати Путин дар Душанбе

Ин нахустин сафари Путин пас аз оғози ҷанг дар Украина ба хориҷ аст

Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмондории бошукӯҳи президенти Русия Владимир Путинро дар Душанбе нашр кардааст.

Бино бар он, ду раҳбар дар яке аз қароргоҳҳои муҳташам дар байни наққошиҳо бо меваву сабзиҷот қадам мезананд.

Владимир Путин рӯзи 28-уми июн вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат кардаанд.

Ин нахустин сафари Путин пас аз оғози ҷанг дар Украина ба хориҷ аст.

Дар саҳифаи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар Фейсбук чанд нафар бо забони украинӣ раиси ҷумҳури Русияро носазо гуфтаанд.

Дар гузашта корбарони зиёде аз чунин мизбонии раиси ҷумҳури Чин дар Тоҷикистон танқид карда буданд.

Зимнан Владимир Путин дар Душанбе гуфтааст, Русия бо Толибон робита барқарор кардааст. Раисиҷумҳури Русия рӯзи 29-уми июн барои ширкат дар саммити Каспий ба Ашқобод рафтааст.

Amnesty International ҳукумати Узбекистонро танқид кард

Рамзи созмони Афви Байнулмилал

Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International мегӯяд, дар Узбекистон ҳуқуқи фаъолон ва блогерон маҳдуд мешавад. Дар ин бора созмони мазкур 25-уми июн изҳорот нашр кард.

Amnesty International рӯйхати блогерони узбекистониеро нашр кард, ки ба далели танқидҳояшон аз ҳукумати марказӣ ё мақомоти маҳаллӣ таҳти таъқиб, фишор ва ё боздошт қарор гирифтаанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, соли 2019 ваъдаи пуштибонӣ аз блогеронро дода буд. "Президент ҳамеша шуморо дастгирӣ мекунад", - гуфта буд он замон Мирзиёев.

Сарфи назар аз ин изҳорот, ба гуфтаи созмонҳои байналхалқӣ, озодии баён дар Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст, ки онро ҳам маҳдуд мекунанд.

Бештаре аз блогерони узбекистонӣ, ки мавзуъҳои ҷиддитареро баррасӣ мекунанд, мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд. Ин блогерон аз маҳдудшавии озодии баён дар Узбекистон хабар медиҳанд.

Блогер аз Сурхандарёи Узбекистон Отабек Сатторӣ, ки аз мақомоти маҳаллӣ интиқод мекард, 7 сол зиндонӣ шуд.

Фозилҷон Орифхоҷаев, блогери тошкандӣ, ки аз сиёсатҳои Узбекистон дар бахши дин интиқод мекард, 7,5 сол зиндонӣ шуд.

"Ҳюман Райтс Вотч", "Хабарнигорони бидуни марз", "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" ва дигар созмонҳои байналхалқӣ фишор ва таъқиби блогеронро дар Узбекистон интиқод мекунанд.

Тазоҳурот ба зидди ифтитоҳи қиморхонаҳо дар Бишкек

Мухолифони ифтитоҳи қиморхонаҳо дар Қирғизистон

Дар шаҳри Бишкек рӯзи 29-уми июн мухолифони қонунигардонии қиморхона ё казиноҳо дар Қирғизистон назди бинои ҳукумат гирди ҳам омаданд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, эътирозгарон ҳудуди 10 нафар ҳастанд. Тартиботи ҷамъиятиро кормандони пулис назорат мекунанд.

Як ҳафта пеш чунин иқдоми эътирозӣ дар назди "Кохи Сафеди Бишкек" баргузор шуда буд. Эътирозгарон аз вакилони порлумон талаб карданд, ки қонун дар бораи қонунигардонии казиноҳоро қабул накунанд.

Сокинони шаҳри Уш низ алайҳи ифтитоҳи казино эътироз карданд.

Ҳафтаи гузашта Жогорку Кенеш лоиҳаи қонуни ҷанҷолбарангезро дар бораи қонунигардонии казиноҳо қабул кард. Рӯзи дигар, 24-уми июн, иддае аз сокинони Бишкек дар гирдиҳамоии эътирозӣ аз раисиҷумҳур Содир Ҷабборов хостанд, санадро имзо накунад.

Аксар мухолифони лоиҳаи қонунигардонии казино барои шаҳрвандони хориҷӣ аз он хавф доранд, ки шаҳрвандони Қирғизистон низ ба қиморбозӣ ҷалб мешаванд.

Дар Чин аз афзоиши додугирифти Тоҷикистон гуфтанд

Сарҳади Тоҷикистону Чин

Пас аз пандемияи коронавирус иқтисоди баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо Чину Русия додугирифти зиёд дорад, “дар ҳоли барқарор шудан” будааст.

Як сомонаи вобаста ба ҳукумати Чин, бо такя ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон навиштааст, дар 5 моҳи охир сатҳи тиҷорати хориҷии кишвар беш аз бист дарсад афзуда, ба 2,9 миллиард доллар расидааст.

Чунин маълумот дар вебсайти Хадамоти гумруки Тоҷикистон феълан дастрас нест.

Сомонаи чинӣ менависад, Тоҷикистон асосан гандуму сӯзишворӣ ва оҳану мошин харида, тилло, алюминий ва пахтаи хом содирот мекунад.

“Тоҷикистон дар фикри рушди саноаташ аст ва дар ҳоле ки як кишвари кӯҳӣ мебошад, аз назари стратегӣ метавонад чун пуле миёни Чин, Осиёи Марказӣ ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон истифода шавад,” – навиштааст манбаъ.

Дар хабар омадааст, “баррасиҳо дар бораи сохтмони роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, вуҷуд доранд, вале роҳи мустақим тавассути кӯҳҳои Помир тақрибан номумкин аст.” Бар иваз, менависад манбаъ, “роҳ ба Тоҷикистон тавассути сарҳадҳои шимолӣ бо Қирғизистон мавриди баррасӣ аст.”

Ситоиши Путин аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар рушди кишвараш

Владимир Путин, Душанбе, 28-уми июни 2022

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар иқтисоди кишвараш “муҳиму чашмрас” арзёбӣ кард.

Ӯ дар ин бора рӯзи 28-уми июн ва дар мулоқоти расмияш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гап зад.

Ба навиштаи сомонаи расмии президенти Русия, Путин муҳоҷиронии кории тоҷикро “пули зиндаи дӯстӣ” байни ду кишвар номид. Вай гуфт, онҳо дар рушди иқтисоди Русия саҳми чашмрас доранд.

Ин тавсифи Путин аз муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон аз монеаву мушкилот дар кор ва зиндагии худ дар Русия шикоят доранд.

Муҳоҷирон мегӯянд, дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои Ғарб кору зиндагӣ дар ин кишвар мушкилтар шудааст.

Ҳар сол садҳо нафар дар ҷустуҷӯйи кору зиндагии муносиб аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 60 ҳазори онҳо ба ватан баргаштаанд.

Оғози музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико

Даври нави гуфтугӯҳои ғайримустақими Эрон ва Амрико барои эҳёи созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28-уми июн дар Давҳа (Доҳа), пойтахти Қатар, оғоз шуд.

ИРНА -- хабаргузории расмии Эрон дар ин рӯз аксе аз Алӣ Боқир Канӣ, музокиракунандаи баландпояи Эрон бо Энрике Мора, муовини раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро нашр кард. Онҳо дар ҳоли гуфтугӯ буданд. Энрике Мора масъулияти ҳамоҳангии ин музокиротро ба уҳда дорад.

Эрон таъкид кардааст, ки "ҳеч музокираи мустақиме бо Амрико анҷом нахоҳад шуд" ва аз ин рӯ Энрике Мора паёмҳои ҳар ду ҷонибро ба якдигар мерасонад.

Лора Рузан, хабарнигори бахши сиёсати хориҷии Амрико, таҳаввулоти созиши ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Ӯ дар "Твиттер" навишт, аз як музокиракунандаи ғарбӣ пурсидааст, гуфтугӯи ғайримустақими Амрико ва Эрон дар Давҳа чӣ гуна пеш меравад ва ӯ дар посух гуфтааст, "ба кундӣ".

Лиз Дюсет, гузоришгари Би-би-сӣ низ ба нақл аз як музокиракунандаи ғарбӣ навишт, эҳтимол ин гуфтугӯ давом биёбад.

Чанд соат пас аз оғози музокирот, сухангӯи робитаҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, мулоқоти Давҳа оғози шикастани бунбасте аст, ки дар моҳи марти имсол дар Вена сурат гирифта буд.

​Рӯзе пеш аз он Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, гуфта буд, тавофуқ барои барқарории созиши ҳастаӣ ба тасмими Эрон вобаста аст, ки онро қабул мекунад ё рад. Вай ҳамчунин афзуд, бозгашти Эрон ва Амрико ба созиши ҳастаӣ дар ростои манфиатҳои Вашингтон ва ҳампаймонҳои ин кишвар аст.

Бо ин ҳол, Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар изҳороташ рӯзи сешанбе таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ "аз хатти сурхи худ ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад гузашт".

Вай ҷузъиёте надод, аммо гуфт, "хатҳои сурхе, ки дар гуфтугӯҳо муайян шудааст, бар асоси манфиатҳои миллии кишвар аст ва ин мавзӯе аст, ки наслҳои баъдӣ дар мавриди он қазоват хоҳанд кард".

Эрон тайи моҳҳои гузашта хоҳони берун кардани номи Сипоҳи посдорон аз рӯйхати созмонҳои террористии Амрико ва замонат додани ҳукумати Ҷо Байден барои набаромадани ҳукуматҳои ояндаи ИМА аз созиши ҳастаӣ шудааст. Ҳукумати Ҷо Байден мегӯяд, салоҳияти додани кафолат аз тарафи ҳукуматҳои ояндаро надорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG