Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ ба табибони тоҷик 13 тонна маводи тиббӣ доданд


Рӯзи якшанбе 13 тонна бори тиббӣ вориди Тоҷикистон шуд ва ин бахше аз кумаҳои Иттиҳоди Аврупо ва UNICEF барои муқобила бо COVID-19 мебошад
Рӯзи якшанбе 13 тонна бори тиббӣ вориди Тоҷикистон шуд ва ин бахше аз кумаҳои Иттиҳоди Аврупо ва UNICEF барои муқобила бо COVID-19 мебошад

Дар чаҳорчӯби барномаи кумак ба Тоҷикистон барои муқобила бо COVID-19 бахше аз ёриҳои башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF) ба Душанбе ворид шуд. Ин созмонҳо мегӯянд, 13 тонна бор тахминан сӣ дарсади кулли кумакҳоеро ташкил медиҳад, ки қарор аст дар чаҳорчӯбаи барномаи вокуниши таъҷилии Тоҷикистон ба COVID-19 ба кишвар оварда шавад.

Ин ёриҳо аз васоили муҳофизати шахсӣ -- 36,250 либоси муҳофизатӣ, 40,320 ниқоби тиббии N95 ва 720 ҳароратсанҷ иборатанд.

Дафтари UNICEF дар Тоҷикистон “маводро мустақим ба муассисаҳои интихобшудаи тиббии кишвар дастрас менамояд ва ҳамзамон механизми махсус барои арзёбии ниёзҳо ба маводи тиббӣ ба ҷо гузошта мешавад. Бо 1,3 миллион евро 1,500 мутахассиси соҳаи тиб дар беморхонаҳо ва муассисаҳои карантинӣ бо таҷҳизоти зарурии муҳофизати шахсӣ, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ/ҷарроҳӣ, респираторҳо, дастпӯшакҳо ва халатҳо ҷиҳозонида мешаванд. Ин имконияти нигоҳубини 40,000 бемори COVID-19-ро медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Мэрлин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфтааст: "Ҳоло вақти ҳамкорӣ ва якдилӣ аст, чун сироят миёни одамон табъиз ва сарҳадҳоро эътироф намекунад. Танҳо вокуниши зуд, бузург ва ҳамоҳанг метавонад дар наҷоти умри одамон ва бартараф кардани пайомадҳои манфии иқтисодӣ ёрӣ расонад."

ИА ба Тоҷикистон ба маблағи 48 миллион евро барои омодагии кишвар дар мубориза ба зидди таъсири манфии COVID-19 мусоидат кардааст ва кумакҳои воридшуда бахше аз ин ёриҳо мебошанд.

Тақдими бахши азими кӯмакҳои Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар пасманзари афзоиши ҳамарӯзаи шумори олудашудаҳо ва марг бар асари коронавирус, интиқодҳо аз тақсими ношаффофи кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби мақомот бештар садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG