Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каромат Шарифов ҳомии шинохтаи муҳоҷирони тоҷик даргузашт. ВИДЕО


Каромат Шариповро барои лаҳни тундаш ва интиқоди зиёд аз корфармоёни рус хуш надоштанд.

Каромат Шарифов, ҳомии ҳуқуқи маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар синни 57-солагӣ даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, ӯ вақтҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд ва субҳи 9-уми май дилаш аз тапидан монд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Шарифов дар шаҳри Ваҳдат аз олам гузашта, ҷанозаашро барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Файзобод бурданд. Дар назар аст, ки маросими видоъ бо ӯ пеш аз зуҳри имрӯз баргузор шавад.

Каромат Шарифов як рӯз қабл дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, дар шаҳри Тулаи Русия заминашро фурӯхтааст ва мехоҳад, бо як миллион рубл ба камбизоатон дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон кӯмак расонад.

Мирзонабии Холиқзод, шоми 8-уми май бо Каромат Шарифов гуфтугӯи телефонӣ дошт ва ӯ дар сӯҳбат гуфт, сиҳатиаш хуб аст ва шикояте аз он надорад. Ӯ афзуд: “Ман дар Тула як порча заминамро фурӯхтам ва як миллион рубли онро ба камбизоатҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон дар вилояти Маскав тақсим мекунам. Дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл ба 300 хонаводаи нодор дар қуттиҳои 10 килоӣ равғану шакар ёрӣ мерасонам. Хусусан дар як хобгоҳ дар Душанбе занону модарони камбизоат ба сар мебаранд, аввал ба онҳо ёрӣ мерасонам. Сипас ба муҳоҷириони корӣ, ки дар ҳамин шабу рӯз дар карантин ба сар мебаранд ва ҷои кору маошу даромад надоранд."

Аммо чанд соат баъд ба шумораи хабарнигори Радиои Озодӣ занг заданд ва бо гиря аз марги ӯ хабар доданд.

Каромат Шарипов: Ман дар Тоҷикистон ба кӣ даркорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз ҳомиёни маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик буд, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус корфармоёни русро зиёд танқид мекард.

Шарифов шаҳрвандии Русияро дошт, вале мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарипов "аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" аст. Аммо Каромат Шарипов то охир ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи ғаразнок медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, Каромат Шариповро фарди бузурге номид, ки ба қавли ӯ замони дар Русия буданаш, кореро мекард, ки анҷом додани он вазифаи давлати Тоҷикистон аст. Ӯ рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ навишт: “Каромат аз он шахсони миллатдӯсти тоҷик буд, ки ҳаёти хешро баҳри ҳифзи шаъну шарафи тоҷикон дар Русия сарф кард. Ӯ нафаре буд, ки натавонист, бори гарони таҳқири тоҷиконро бардорад ва саъй мекард, нони даҳони ҳар як кӯдаки тоҷикро аз даҳони корфармоёни нохалаф канда гирад ва ба соҳибони аслиашон расонад. Каромат кореро анҷом медод, ки мебоист ҳукумати кишвар кунад. Ӯ аз зумраи касоне буд, ки "сарбози ватан" мегӯянд, сарбози ҷабҳаи шаъну шараф, сарбози ҷабҳаи номус.”

Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия марги Каромат Шарифовро талафоти бузурге номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ғайри қобили таҳаммул аст.” Ӯ ба Радиои Озодӣ навишт: “Ин ҷо дар Русия, ки ҳама дар мушкил қарор доранд, пайдо кардани касе, ки думболи ҳимоя аз ҳаққи муҳоҷирон бошад, хеле мушкил аст. Ҳамагӣ се-чор нафар бештар нестанд муҳофизони ҳуқуқ. Боз мо як нафари калидиро аз даст додем.”

Шуҳрат Қудратов, вакили собиқи шинохтаи тоҷик, ки ҳоло дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш бо Каромат Шарифов ҳамсӯҳбат шуд доир ба барқарор кардани шаҳрвандӣ ва баргаштан ба Русия гап задаанд. Ӯ афзуд: “Дар бисёр мавридҳо Каромат Шарипов аз сабаби беҷуръат будани мақомот давлатӣ ба хусус вазорати корҳои хориҷӣ аввалин шуда, дар сатҳи баланд ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекард. Пас аз ихроҷи Каромат Шарипов аз Русия ба Тоҷикистон метавон гуфт, ки муҳоҷирони мо бе ҳомии асил монданд. Марги Каромат Шарипов талафоти калон мебошад."

Назар Мирзода, раҳбари яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, Каромат Шарипов, "инсони хуб буд ва дилаш аз бедодгарихо месӯхт".

Каромат Шарифов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, соли 1984 мактаби олии ҳарбии Симфереполро хатм кардааст. Баъди хатм то соли 2000 ҳамчун афсари неруҳои мусаллаҳи Русия дар ин кишвар хизмат кардааст. Соли 2007 Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ташкил кард ва ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул буд. Ӯ аз ҳомиёни ҳуқуқи ҷасуре ба ҳисоб мерафт, ки ошкоро аз сиёсатҳои Русия дар баробари муҳоҷирон интиқод мекард.

Шарҳҳоро бинед (94)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG