Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Каромат Шарифов беш аз ним миллион рубл талаб дорад.Видео


Каромат Шарифов
Каромат Шарифов

Комиссариати ҳарбии вилояти Маскав, идораи вобаста ба Вазорати мудофиаи Русия, аз Каромат Шарифов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – талаб кардааст, ки беш аз ним миллион рубл нафақаи дар ду соли ахир гирифтаашро баргардонад. Шарифов охири соли 2017 бо гуноҳи нақзи қонуни муҳоҷирати Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва аз ҳаққи шаҳрвандии он кишвар маҳрум гардид.

"Пулҳоро бармегардонам, ба шарте ки..."

Ӯ қарори ихроҷ ва маҳрумӣ аз шаҳрвандии Русияро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, 25 сол дар сафи артиши он кишвар хидмат кардааст ва ба гирифтани маоши бознишастагӣ ҳақ дорад. "Омодаам беш аз ним миллион рубл нафақаи гирифтаро баргардонам, ба шарте ки ҷониби Русия барои хидматҳоям дар артиши он кишвар ҷуброни зарари маънавӣ диҳад", -- гуфт ӯ рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Маркази ҳифзи иҷтимоии Комиссариати ҳарбии вилояти Маскав дар номае ба Каромат Шарифов гуфтааст, баргардондани маблағеро тақозо дорад, ки "дар давраи дар Тоҷикистон будани ӯ дода шудааст".

Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст ва дар он зикр мешавад, ки Каромат Шарифов нафақаи дар солҳои 2018 ва 2019 гирифтаашро ихтиёрӣ баргардонад.

Шарифов ин иддаои Вазорати мудофиаи Русияро беасос шумурд ва гуфт: "Ман аз соли 1999 боз нафақаи Русияро мегирам. Ин қарори ахир нодуруст аст".

Баҳс ба сари беш аз ним миллион рубл нафақаи Каромат Шарифов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00
Линки мустақим

Посухи Комиссариати ҳарбии Маскав

Мо барои шарҳи қазия ба Маркази ҳифзи иҷтимоии Комиссириати ҳарбии вилояти Маскав тамос гирифтем. Дар посух як намояндаи ин ниҳод гуфт, масъалаи мазкурро танҳо ба Каромат Шарифов шарҳ хоҳанд дод.

Каромат Шарифов мегӯяд, ҳоло бо кумаки ҳуқуқшиносон талош дорад, ки аз манфиати худ ҳимоят кунад.

Аз Каромат Шарипов хостаанд, 500 ҳазор рубли Русияро баргардонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ду сол пеш Маркази ҳифзи иҷтимоии Комиссариати ҳарбии вилояти Маскав Каромат Шарифов ва аъзои оилаашро аз чанд имтиёзи иҷтимоӣ маҳрум карда буд.

Каромат Шарифов мегӯяд, ин имтиёзҳо аз он иборат буд, ки дар як сол як дафъа бепул ба осоишгоҳ мерафт ва аъзои хонавода дар як сол як бор табобати бепул мегирифтанд. Ҳамчунон ҳукумат ҳар моҳ 50 дарсади хароҷоти хонаро барои обу барқ, газ ва дигар хадамоти коммуналӣ медод.

Ҳодисае, ки се сол пеш иттифоқ уфтод

Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус корфармоёни русро зиёд танқид мекард, моҳи декабри соли 2017 дастгир шуд.

Додгоҳи Русия баъди муддати кӯтоҳе қарор кард, ки Каромат Шарифов аз роҳи ғайриқонунӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва барои ҳамин бояд аз он маҳрум ва аз қаламрави кишвар хориҷ карда шавад.

Каромат Шарифов пас аз ихроҷ дар Душанбе ба сар мебарад ва аз инҷо ба воситаи Интернет ба созмонаш Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик ҳамкорӣ дорад.

Тибқи омори Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия ҳудуди 600 ҳазор нафар ҳастанд, ки беш аз 70 ҳазорашон занонанд. Ҷониби Русия ин рақамро як миллион нафар ва манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафар шумурдаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки нисбат ба як соли аз он пеш 6,6 дарсад зиёд будааст.

Ҳоло беш аз 270 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо гуноҳи поймол кардани қоидаи будубош ва пардохт накардани андозу ҷарима аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд ва мақомот борҳо аз Русия хостаанд, онҳоро афв намояд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG