Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат гуфт, дар Тоҷикистон 15 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд


Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар 15 мавриди сирояти бемории КОВИД-19-ро сабт кардааст.

Телевизионҳои давлатӣ ва хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтанд, рӯзи 30-юми апрел вазорати тандурустӣ дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус эълон кардааст, ки то 29-уми апрел дар вилояти Суғд 10 нафар ва дар Душанбе 5 нафар ба бемории нав мубтало шудаанд. Дар хабарҳо гуфта нашудааст, ки беморӣ кай ба ин афрод сироят кардааст.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд ба суоли Радиои Озодӣ, ки 10 нафари гирифтор дар Суғд оё аз хориҷа омадаанд ва дар кадом беморхона бистарианд, посух надод ва бо баҳонаи онки аввал бояд дақиқ кунад нахост, чизе бигӯяд. Дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳам нахостанд ба суолҳои мо посух диҳанд. Масъулон мегӯянд, бояд сардори раёсат суҳбат кунад, вале сардор ба зангҳо ҷавоб намедиҳад.

Ба навиштаи “Ховар”, бо назардошти вазъ ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки тадбирҳо барои муқобила бо беморӣ ва роҳ надодан ба густариши вирус тақвият дода шаванд. Ҳукумат дастур додааст, ки аз ин баъд барои пешгирӣ аз сирояти вирус, тамоми мардум ҳангоми омадан ба берун ҳатман ниқоби тиббӣ бипӯшанд.

Бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳонҳои тобистонаи донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбасти имтиҳоноти хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.​ ​Мақомоти Тоҷикистон то кунун мегуфтанд, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале бисёриҳо ба ин баёнияҳо шубҳа доштанд.

Афзоиши гузоришҳо доир ба маргумир аз бемории илтиҳоби шуш дар бемористонҳои Тоҷикистон ва дафни шитобкоронаи қурбониён ва шубҳаву гумонҳоро зиёдтар кард.

Баъд аз ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ мавзӯи короновируси нав ва пешгирӣ аз бемории Covid-19 дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти президент нашр кард, дида мешавад, вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ аъзои ҳукумат аз ҳамдигар дур нишаста масофагирии иҷтимоиро риоят мекунанд. То имрӯз аксарияти нишасту маҷлисҳо бидуни риояи меъёри фосилагирии иҷтимоӣ баргузор мешуданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз “коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамиз кардани кӯчаю хиёбон, иншоот, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб” супориш додааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, таъхир дар эътирофи сирояти вирус дар Тоҷикистон оқибатҳои ногувор дошт метавонад. Ба гуфтаи онҳо, таҷриба нишон дод, кишварҳое, ки зуд меъёрҳои фосилагирии иҷтимоӣ ва каратинро ҷорӣ карданд, тавонистанд, аз густариши васеи вирусро пешгирӣ кунанд. Парвиз Муллоҷонов таҳлилгари умури сиёсӣ мегӯяд, ихтилофоти назар дар дохили ҳукумат сабаби ба қавли ӯ таъхир дар “эътирофи вирус” шуд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҳукумат нисбат ба короновирус фикри ягона вуҷуд надошт. Як гурӯҳи таъсиргузор хоҳиши пинҳон кардани маълумотро доштанд. Ин гуруҳ аз таҳлукаи мардум дар ҳарос буданд. Дар муқобил коршиносон ба вижа мутахассисони тиб буданд, ки доимо таъкид мекарданд, ин сиёсат оянда надорад ва бар зарари давлати Тоҷикистон меанҷомад.

Аз сӯи дигар хусусияти короновирус ин аст, ки тез густариш меёбад, то 10- 15 нафарро пинҳон карда мешавад, вале вақте аз он зиёд шуд, маълум шуд, ки дигар пинҳон карда намешавад, маҷбур шуданд эътироф кунанд. Аз ин рӯ фикр мекунам, гурӯҳи дуввум дастболо шуд”.

Парвиз Муллоҷонов дар баробари ҳукумат намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба он муттаҳам кард, ки дар вазъияти ба амаломада “гунаҳкор аст”. Ӯ гуфт: “Таъхир дар эълони мавҷудияти вирус танҳо айби ҳукумат нест, балки гуноҳи созмонҳои байналмилалӣ ба вижа Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам ҳаст. Мардум аз оғоз ба маълумоти вазорати тандурустӣ бовар надоштанд, аммо вақте ки намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хонум Перфилева гуфт, ки вирус нест ҳама бепарво шуданд. Масъулияти шахсан ӯ хеле калон аст. Дӯстонам аз шумори устодон гуфтанд, ки дигар наметавонанд, ҳамкорон ва донишҷӯёнро ба пӯшидани ниқоб водор кунанд, чунки ҳама ба гапи хонум Перфилеваро бовар карданд”.

Қарор аст, ба зудӣ як ҳайати созмони мазкур барои арзёбии вазъ ба Тоҷикистон биёяд, аммо санаи дақиқи омадани ҳайат ҳоло ҳам маълум нест.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (185)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG