Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, дар муқобила бо СОVID-19 дар канори Тоҷикистон меистад


Сафорати Амрико дар Душанбе
Сафорати Амрико дар Душанбе

Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар муқобила бо густариши COVID-19 дар канори Тоҷикистон меистад.

Изҳороти сафорат 30-юми апрел, пас аз чанд соати эълони ҳукумати Тоҷикистон, нашр шуд. Мақомот гуфтанд, дар кишвар 15 мавриди сирояти коронавирус ба сокинонро ошкор карданд.

Сафорати Амрико дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт: "Тавсия медиҳем, ҳар нафар барои дар хона мондан чораҳои зарурӣ андешад ва бо назардошти тасдиқ ва гузоришҳо дар бораи фавт аз илтиҳоби шуш (пневмония) ва бемориҳои дигар бо нишонаҳои мутобиқ бо COVID-19 равобити иҷтимоиро маҳдуд кунад".

Намояндагии расмии Амрико дар Душанбе мегӯяд, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Тоҷикистон ва шарикон "дар самти назорати паҳншавии COVID-19 кор мекунад".

"Мо муштарак бо ин бӯҳрон мубориза хоҳем бурд", - хулоса кардааст сафорат.

Иёлоти Муттаҳида дар оғози моҳи апрел барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба Тоҷикистон 866 ҳазор доллар кумак кард.

То ин дам дар Амрико беш аз як миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, зиёда аз 60 ҳазор кас аз он фавтидаанд. Беш аз 124 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG