Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири шифохонаи "Ибни Сино" мегӯяд, КОВИД-19 аз Тоҷикистон зуд меравад


Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони "Ибни Сино"
Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони "Ибни Сино"

Баъд аз баҳсҳои зиёд дар бораи будан ва ё набудани коронавируси нав дар Тоҷикистон, мақомот рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти вирус дар кишварро расман эълон карданд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар кишвар 15 нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудааст. Вазорат ба мардум ҳам тавсия додааст, ки барои эмин мондан аз вирус ниқоб пӯшанд. Табибон мегӯянд, аз эълон дар бораи сирояти вирус мардум набояд ба воҳима дода шавад.

Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино мегӯяд, КОВИД-19 беморие нест, ки ҳама аз он бимирад ва аксари мардум онро мисли зукоми маъмулӣ пушти сар мекунанд. Холиқзода, ки 11 сол боз мудирияти ин бемористони хусусиро ба уҳда дорад, рӯзи 30-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд, давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд.

Ӯ афзуд: “Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пушидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал низ сартосар кушанда нест.”

Баҳси будан, ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози моҳи апрел доғ шуд. Даргузашти чанд сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, карантин шудани наздикони онҳо ва табибон масъалаи КОВИД-19-ро барои ҷомеа ҷиддӣ кард. Илова ба ин вафоти як табиб дар Бохтар, додситоне дар Душанбе, як сокини шаҳри Турсунзода ва дафни зуду шитобкоронаи онҳо шубҳаҳо дар бораи набудани вируси нави коронаро бештар кард.

Мақомот сабаби ҳамаи маргҳоро аз илтиҳоби шуш гуфтанд ва ба карантин гирифтани наздиконашонро барои эҳтиёт арзёбӣ карданд. Бо эълон шудани хабари расмии мавҷудияти коронавирус бархеҳо мепурсанд, ки Тоҷикистон ин буҳронро чигуна паси сар мекунад? Оё ҳукумат карантин эълон мекунад ё не?

Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони хусусии “Ибни Сино” мегӯяд, агар мардум қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, ба воҳима дода нашаванд, Тоҷикистон ин бемориро давоми ду-се моҳ паси сар мекунад. Ба таъкиди Холиқзода, “ҳадди аксар ин беморӣ ду-се моҳ давом мекунад ва ду-се моҳ пас ҳама чиз ба ҳолати маъмулӣ бармегардад. Ин беморӣ дурудароз ҳам давом намекунад. Испониёву Итолиё дар як-якуним моҳ ин бемориро гузаштанд, ҷойи воҳима надорад.”

Таъкиди мудири Бемористони “Ибни Сино” дар ҳолест, ки ин дармонгоҳ аз рӯзи душанбе 4-уми май ба беморхонаи сироятӣ табдил мешавад. Масъулинаш гуфтанд, чаҳор кормандашон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд. Аз ҷумла нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам, ки дар бахши кадрҳои бемористон кор мекард, бистарӣ аст.

Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино гуфт, ки бемористон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият идома медиҳад. Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шуморе аз кормандони тиббӣ гирифтори илтиҳоби шуш шудаанд. Аммо баъдан бо ирсоли номае ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хато роҳ дода, 136 корманди тибро иштибоҳан бемор навиштааст.

XS
SM
MD
LG