Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, ниме аз беморон "табибону парасторон нестанд"


Шифохонаи мазкур ҷойи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш аст.
Шифохонаи мазкур ҷойи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли як номае ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як баёнияи расмӣ доир ба гирифторони бемории илтиҳоби шуш ба хато роҳ дода 136 корманди тиббиро иштибоҳан бемор навиштааст.

Вазорат рӯзи 27-уми апрел дар як матлабе зери унвони “Заҳмати табибонро нодида нагиред” хабар дод, ки 136 табибу парастор ва дигар кормандони тиббӣ дар шифохонае, ки беморони илтиҳоби шуш нигаҳ дошта мешаванд, ба карантин фаро гирифта шудаанд, аммо дар воқеъ ба гуфтаи вазорат ин афрод “дар хидмати онҳое ҳастанд, ки ба бемории илтиҳоби шуш гирифторанд”.

Вазорат дар ин номаи катбии расмӣ, ки рӯзи 29 уми апрел ба Радиои Озодӣ расид, гуфтааст, “аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, хатои дар хабари фавқ роҳёфтаро ислоҳ намоед ва ё бо хабари тозае дар ин маврид хонандаро огоҳ созед.”

Радиои Озодӣ бо назардошти меъёрҳои хабарнигорӣ ва пахши дақиқу дурусти иттило ислоҳи лозим ба мақоларо ворид кард. Мақола инҷост: https://www.ozodi.org/a/%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%88-%D0%B0%D0%B7-%D0%BD%D0%B0%D0%B7%D0%B4%D0%B8-%D0%B1%D0%B5%D0%BC%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%81%D0%BE%D0%B2%D0%B5%D1%82%D3%A3-%D1%8F%D0%BA%D0%B8-%D0%B4%D1%83%D1%88%D0%B0%D0%BD%D0%B1%D0%B5/30579356.html

XS
SM
MD
LG